Озодии баён чист? Ҳукумати электронии арсаи ҷаҳонишавӣ моро ба куҷо мебарад? Ҷомеашиносон нисбати фаъолияти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон чӣ назар доранд? Инсоф куҷост, эй мардум!? Теша ба решаи миллат назанем! Генералҳои бознишаста Амирқул Азимов ва Саиданвар Камолов ба эҳтиром сазоворанду лоиқи тақдир, на ба таҳқир… Чанд пешниҳод ба қавонини амалкунанда ва Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбории омма».
Дар ҳар як ҷомеаи мутамаддин озодии баён ҷойгоҳи махсус касб намуда, назарҳо тавассути иттилооти оммавӣ роиҷ мегардад. Масъалаи фавқ дар асноди байналмилалӣ, минҷумла, дар Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар-1948, Паймони байналхалқии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ-1966, Санади хотимавии Хелсинки-1975, Ҳуҷҷати хотимавии Машварати Копенгаген-1990 равшан инъикос шуда, дар маҷмуъ, риояи меъёрҳои ягонаро бозгӯ месозанд. Ин санадҳоеанд, ки то вуруди ҳукумати электронӣ арзи ҳастӣ кардаанд. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо аз чорчӯбаи одоби гуфтор берун пой ниҳем ва ҳар чӣ ба даҳонамон омад, бар сари инсонҳои бегуноҳ муғризона фурӯ бирезем.
Ин ҷо мехоҳем назари хонандаи ҳушмандро сари нуктаи басо нозук ва арзишманд — поймоли шаъну шараф, ҳуқуқи инсон, паст задани номус, таҳқир ва билохира, ҷазои подоши амал ба сангандозон ҷалб намоем.
Имрӯз паҳншавии хабаргузории ҳукумати электронии арсаи ҷаҳонишавӣ дар ҳоле пурвусъат аст, ки тундари нобаҳангоми осмон ва боди ҳуштаккашони саҳро он сӯ, балки дар муқобили ҳаракоти он ҳатто парвози барқосои мушакҳои сунъӣ оҷизӣ мекашанд. Ҳар боре дар хусуси боздошти ин ё он чеҳраи сиёсӣ, тағйироти кадрӣ дар ҳукумати феълӣ ва ё фасодзадагӣ сухан ба миён меояд, муштариёни назди моҳвораҳо нишаста гӯё аз нав болу пар бароварда, бедор мешаванд ва чиҳое мебофанду менависанд. Бисёр «муаллифон»-и роҳгузар бар қасди сияҳ кардани ашхоси дар нигоҳашон нофорам дасту остин бармезананд. Чунки медонанд, ки майдони туҳматзори интернету интернат соҳиби ягонаву асл надорад, ки ишонро ба муҷозот бикашад. Мисли он ки то замони пасошӯравӣ ба беимзонависҳо ҷазо муқаррар нашуда буд. Баъдҳо, номаҳои беимзоро ба эътибор намегирифтанд. Чунон ки муллои тарсуе бар амни ҷони ширин дар каду азон мегуфт, азбаски маъмурин овозро намешуниданд, кордор намешуданд.
Ба ёд биёред, ки чанд сол қабл аз як тӯйи Сардори давлатамон бо хонадоршавии писари ӯ дар интернет чӣ сафсатафурӯшӣ бо нигоштаву роликҳо пахш гардида буданд. Чӣ, магар падар ҳақ надорад, ки дар тӯйи арӯсии духтар ё писари худ нӯшбод бигӯяд ё аз шодиву фараҳ бирақсад? Фақат ин ки маросимҳо дар доираи танзим амалӣ шаванд. Вале охир ин матлабҳои ҳарзагӯёна мағзи тозаи мардумонро хоҳу нохоҳ коста мегардонад.
Ба ин монанд хабисакони бозингар маҳз василаи интернет дидаву дониста бо дарёфти пайти муносиб номи ашхоси хизматнишондодаву шарафмандро паст задан мехоҳанд. Чунончи, вақте ки хабари боздошти Фирӯз Холмуродов, муфаттиши калони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини собиқ директори ин ниҳод дар радиои «Озодӣ», рӯзномаи «Азия-Плюс» пахш гардид, қаламбадастонро Худо дод. Муфаттишон ҳанӯз корро оғоз накарда, ҳуҷуми мунозирагарон дунёи шабакаҳои иттилоотиро ба ларза овард. Дигар интизор нашуданд, ки қазия чӣ пайомаде дорад?
Мо мутлақо зидди нигоштаҳои озодандешон нестем. Лекин пеш аз ин ҳам садҳо маротиба дар ҳошияи беадад қазияҳои сиёсиву ҷиноӣ имзоҳои мустаорро хонда-хонда ба дод омада, охируламр, сари ин хулоса расидаем: кай фарҳанги гуфтор ва навишторро ёд мегирем? Ана, сухан сари ин паҳлуи масъала меравад. О, тафтиш ҷараён дорад, кӣ ҳақу кӣ ноҳақ, алъон маълум нест. Эҳе, хонандаҳои беқарор бозори дашному ҳамоқатро ба ҳаде тафсон доштаанд, ки ин ба масал «Худой»-ро ба забон оварда, маътали «бердӣ»-ш намеистанд.
Як гуфтаи Бобоҷони Шафеъ, ҷомеашинос, баҳсбарангез метобад, дар мавриде, ки гӯё танҳо садрнишинони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ниҳоди мазкурро аз фасодкорон тоза нигоҳ дошта метавонанд. Ба идомаи афкори ӯ розӣ шудан мумкин аст, ки «…пурсише, ки худи Рустами Эмомалӣ дар замони садрнишини ин ниҳод буданаш гузаронд ва хулосаи он ки мардум ба ин ниҳодҳо бовар надорад, ҳақиқати маҳз аст».
Дар ин зимн, андешаи хеле кӯтоҳу сараи Музаффари Имомдод, фаъоли шабакаи «Фейсбук» қобили таваҷҷуҳ буда метавонад. Ӯ менависад: «Беҳтар аст, агар тамоми фаъолияти Оҷонсии зидди фасодро қатъ кунанд».
Сарусадоҳо ончунон аст, ки гунаҳкоронро як сӯ гузошта, ба волидони онҳо часпидаанд. Инсоф куҷост, эй мардум!? Заҳри ноиттифоқиву ноҷавонмардиву моҷароангезиро солҳои навадуми асри рафта ҳамагон як бор чашида будем. Магар ба мо, тоҷикон, дуо рафтааст, ки ба исми фарзандони фарзонаи миллат хати бутлон кашида, миёни ҳар кадомро якояк шикаста, ба кӯи навмедӣ мебарем? Пас, шумоҳо-ҳарзагӯёни ноҷавонмарди паси парда ба кӣ тан медиҳед? Агар мардед, бо номҳои мустаор нанависед, балки рӯйи ҳақиқии худро бинамоед. Шарм намедоред, ки сабтҳои беҷову баҷоро дар тилфунҳои мобилӣ ҷой дода, ба номи мардони номдор сиёҳӣ бармекашед ва одамонро ба иштибоҳ меандозед?
Аз хонадони тарбиятдида инсони бад кам мерӯяд. Хунёгари мумтози тоҷик Одина Ҳошим низ бад-ин маънӣ месуруд: «Аз аҳли адаб хато наояд». Гумон мекунам, агар Худо нерӯе илқо созаду ситораи осмонро канда оварда, рӯи кафи дасти каҷназарон бигзоранд, он замон рад мекунанду мегӯянд: «Не, ин ситора нест, як чизаки шаъшаапоши ба ситора монанд аст!».
Бо ифшои матлаби зайл генералҳои бознишастаро ситоиш карданӣ ҳам нестем. Танҳо мардумро ба ҳақиқатҷӯӣ ва эътимоднокӣ одат кунондан таомули дерини ниёкони мост. Дар ҳоле ки худи генерал Саиданвар Камолов дар пурсиши хабарнигор ба радиои «Озодӣ» бо ишора ба фарзандаш Умед Камолов гуфтааст, ки «… Ман писари ҳаром тарбия накардаам». Ин таъйид бар он далолат мекунад, ки ӯ дар тарбияи ҷигарбандонаш сахтгиру серталаб мондааст. Асли воқеаро ҷараёни тафтиши одилона нишон медиҳад.
Ба ёдам ҳаст, ки дар солҳои барқарории Ҳукумати конститутсионӣ ин ду фарзанди далеру шуҷоъ — Амирқул Азимов ва Саиданвар Камолов дар қатори чеҳраҳои воломақоми сиёсӣ азобу хитобҳои зиёдеро паси сар кардаанд. Ҳарду роҳбари муваффақ дар умури низомӣ хидматҳои арзишмандеро ба нафъи халқу Меҳан анҷом додаанд.
Генерал Амирқул Азимов сарсупурдаи ҳамин марзу бум аст. Вай ҳангоми роҳбарӣ дар мақоми Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ҳамрадифи ватандорон кафилии амну осудагии мардумро ба ҷой оварда тавонист. Набояд фаромӯш созем, ки аз як навъи дарахт меваи ҳам талху ҳам ширин ба бор меояд. Шахси аз 18-сола боло ҳам дар пешбурди оиладорӣ мустақил аст. Қазияи домоди ӯро ба генерал Амирқул Азимов часпондан чӣ маъно дорад? Таҳмили гуноҳи пайванде ба сари табори дур ё наздик аз раҳи инсофу адолат нахоҳад буд. Чунки ишон бесалоҳият мебуданд, солҳои тӯлонӣ дар сохтори муҳими давлатӣ бенуқсон ифои фаъолият намекарданд.
Ҳанӯз соли 1997, бо тақозои фаъолияти касбӣ дида будам, ки шабонгоҳ, даме ки аз ин ё он гӯшаи шаҳр тирпарронӣ ба гӯш мерасид, сари ҳар қадам шабаҳи марг соя меафканд, одамон боиси ҷони ширин аз ҳамҷинсони худ мегурехтанд ва дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе равуо кам ба назар мерасид, генерал Саиданвар Камолов барои амнияти ҳамватанон талош меварзид. Дар он лаҳазоти даҳшатзо ӯ пеш аз рафтан ба тарафи Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешорӯи чанде аз роҳгузарон ба корманди дастёраш гуфт:
— Баргард, худам танҳо меравам…
Аз гуфтори ӯ ҳозирон ҳайратзада, ба якдигар менигаристанд. Охир, гоҳи рафтани низомиён маълум буд, вале соати бозгашти онҳо не. Дар ҳамон шабу рӯзони вазнин генерал Саиданвар Камолов, раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бе ҳимоятгар, албатта, ҷонаш дар хатар, барои фаҳмидани вазъи марзи минтақаҳои доғи ин кишвар, пойи пиёда, тани танҳо то коргоҳ мерафту меомад.
Арғушти раққосаки чархофалак якнавохт нест. Рӯзе, ки сари қудрат бошӣ, душман ҳам дар либоси дӯст аз дарат медарояд. Шабона, мардуми шаҳри калон мехуфт, чароғи ҳуҷраи кори ӯ то субҳ гирён буд. Нигоҳи ҷиддӣ ва рӯшани ӯ, пайкари боқувват, дили бекина ва руҳи сангинашро Холиқи Ҷаббор барои меҳнати ҳалол офаридааст. Ғаммозиву каззобӣ дар замираш меҳмон намешавад.
Кумитаи навтаъсиси ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳамагӣ чанд мизу курсӣ дошту халос. Ҳайати шахсӣ ва коргузорӣ нав шакл мегирифт. Генерал Саиданвар Камолов бо руҳияи тоза ва ҷасорати тамом ҳамроҳи чанд тан дар ҳуҷрае ҷамъ омада, нақшаи муайян ва харитаи ҷобаҷогузории дидбонгоҳҳои сарҳадиро мекашиданд. Ба таҳаммулу чеҳраи поки ӯ нигариста, маршалҳои Иттиҳоди Шӯравиро пеши назар меовардам, ки дар солҳои Ҷанги Олмон бо ҳамсафонаш бар дифои Ватани паҳноварамон — СССР назариявию амалӣ мусаллаҳ бархоста буданд.
Он шабу рӯзони пуртаҳлука ҳолати ба дидори фарзандонаш пазмон, сари қадам хона меомаду зуд мерафт. Дар масофаи дуқадамина роҳ чанд ҳафта ба хона омада наметавонист. Шабҳоро дар ҳуҷраи кор ба поён мерасонид. Беморияш офият наёфта, ба гапи пизишкон гӯш накарду ба кор баромад. Оини ҷавонмардиро бо тинати пок ва барои дигарон зистан дармеёбад.
Дафтари матбуоти Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки банда шомили он будам, бо сохтори фавқуззикр робитаи қавӣ дошт. Аз ин лиҳоз, ба хотири ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи амнияти иқтисодии кишварамон ахбори тоза меҷустем. Генерал Саиданвар Камолов ба журналистон ва умуман, матбуоти даврӣ як эҳтироми хоса мепарварид. Ӯ аз доираи қавонини мавҷуда заррае берун пой намегузошт. Муҳтаво, ҳар чизе мегуфт, хоҳ дар мусоҳиба бо журналистон, хоҳ ба зердастон, баҳри тинҷиву осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Сардори давлатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мебаст. Донишмандиву сарводаи азалӣ, ҷавонмардиву ҷасорати ба низомиён хос дар тору пудаш маҳкам нуҳуфтааст.
Пӯшида нест, ки таъсиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба исми генерал Саиданвар Камолов сахт марбут аст. Ҳар куҷое пайкор дошт, созандагиро шиор намуда, аз худ нақши нек гузоштааст. Ҳамин буд, ки то маснади вазири амният, раиси Кумитаи Марказии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ камол ёфта, дасти садҳо ҷавонони болаёқату кордонро гирифтааст. Бархе аз рӯзномаву маҷаллаҳои таъсисдодаи ин раиси ростраву ростназар ва босадоқату покдил то кунун ба табъ расидан доранд. Бе муболиға, имрӯз аксари роҳбарони мақомоти номбурда дастпарварони мактаби ӯ ҳастанд.
Дар воқеъ, шукри истиқлол мегӯем, зеро диёри офтобии моро, ки наваду се дарсадашро куҳҳо иҳотагаранду ин замон рӯ ба ободиву шукуфоӣ овардааст, давлатҳои бешумор дар ақсои олам мешиносанд. Агар занҷираи ҳамбастагиву иттиҳодро бигсаста гардонем, пасовандони миллати мо бо пархошҷӯиву пароканӣ худро пеши ҷаҳониён умре нороҳат ҳис мекунанд.
Месазад, ки аз ҷодаи сиёсати омӯзанда пеш биравем. Чаро бо дастони худ теша ба решаи миллат мезанем? Чаро воқеоти талхи таърихи начандон дур бароямон сабақ намешавад? Чаро кӯри пеши пойи худему бинои роҳи дигарон? Чаро аз ин мулки пурфайз баракати вофир дидаем, аммо куфри неъмат бикунем? Ин чарову чунро чанд бигӯям, ки гӯши суханшунав намондааст?!
Бадкешони миллат ба думболи афкори муғризона ҳар замон чашм ба шарореанд, ки дар алангаи он бофароғат гармии молиявӣ дарёфта, бас кайфият мебаранд. Эҳтимол меравад, ки зархаридони сиёсӣ саҳни бӯстонсарой мисли лордҳои англисии кӯлоҳи лапардор ба сар, орамида, аз Интернету сомона ва моҳвораҳо чирки таги нохунро ҷуста, ҳароина ташаннуҷ мепоянд. Зери боли ин ҳимоятҳо бо дастони сарватмандони хориҷӣ сармоягузорӣ дида, садо баланд мекунанд. Ҳазорон раҳ дареғ, ки иддае аз ин «ватандорон»-и ватанбезор бо забони ғайр ҳарф мезананд.
Суоли матраҳ: «Чаро ҳангомахоҳон василаи ҳукумати электронӣ бозори кӯчиёна тафсонда, халқи моро роҳ нишон медиҳанд?». Боз чӣ гуна роҳе? Роҳе, ки ба фарҷом торикистон аст. Сайидои Насафӣ рамзӣ фармудааст, ки «Сайдро чун аҷал ояд, сӯйи сайёд равад». Баъди ин ҳама варсоқихониву ғайбатҳои занона, афзун бар ин, иншои туҳмату буҳтон, шинояшон ба рӯди таҳқиру бешарафӣ, ба ақидаи инҷониб, зистанашон дар хоки поки нафасдор ҳаром аст!
Бо мақсади роҳ наёфтани ташаннуҷ ва оромиву пойдории субот дар ҷомеа истифодаи мақсадноки ҳукумати электронӣ, махсусан, интернет ва моҳвораҳо нақши калидӣ мебозанд. Ҷилавгирӣ аз ҳар гуна таҳқир, паст задани шаъну шарафи инсон дар ҳукумати электронӣ, махсусан интернету моҳвораҳо дар аксар давлатҳои ҷаҳон кайҳо боз ҷорӣ шудааст. Вақти он фаро расидааст, ки ҳар як давлат ё кишвари хурду бузург роҳандозии ҳукумати электрониро дар қаламрави худ ба таври бояду шояд ба низом биоварад. Чӣ тавр? Бо назардошти ин омилҳо, ба масъулони мақомоти дахлдор пешниҳод мекунам:
— авалан, муштариёне, ки афкорашонро манзури миллионҳо нафар мегардонанд, бояд ба тариқи расмӣ ба қайд гирифта шуда, ному насаб, нишонӣ ва макони фаъолияти худро пурра нишон диҳанд. Ин амал пеши ҳар яке масъулият мегузорад, ки дар ифшои ақида ҷавобгарӣ ҳис намоянд.
— дувум, дар сурати поймоли ҳуқуқи инсон, паст задани шаъну шараф, номус, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондода қонунгузории амалкунанда ҷавобгарии моддиву маънавӣ пешбинӣ намояд. Агар туҳматчӣ ё дасисабоз лоақал як бор ҷаримаи моддӣ супорад, ҳаётан-набӣ ба нияти сиёҳкорӣ қалам ба даст намегирад.
— савум, дар Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» маҳз оид ба истифодаи нодурусти шабакаҳои интернетӣ ва мушаххас зикр доштани ному насаб, ҷойи кор, нишонӣ ва монанди ин банди махсус ворид карда шавад.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/hukumat/13799-ukumati-elektron-ta-didi-nazar-boyad.html