Мулоқот бо беш аз 100 нафар кормандони эҷодию техникии Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон судманд буд
Намояндагони Ассотсиатсияи милиии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа бо кормандони эҷодию техникии Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон мулоқоти корӣ анҷом додаанд.
Мулоқоти мазкур санаи 18 апрел дар толори маҷлисгоҳи Раёсати телевизиони вилояти Хатлон бо ширкати беш аз 100 нафар кормандони эҷодию техникии баргузор шуд.
Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқуқшиноси АМВАОМТ дар Қурғонтеппа гуфт, ки ҳадафи ин мулоқот бо кормандони эҷодию техникии телевизион ва радиои вилояти Хатлон аз фаъолияти онҳо ошно шудан ва ба онҳо кумаки ҳуқуқӣ расонидан буд. Дар ин мулоқот хабарнигорони телевизион ва радио, ки дар пӯшиши мавзуҳои мухталиф сару кор доранд ва ба шаҳру навоҳии мухталифи вилояти Хатлон барои омода кардани гузоришҳо мераванд, бо намояндагони АМВАОМТ дар мавзўъҳои марбут ба фаъолияти касбӣ, аз ҷумла, мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот ва пайдо кардани иттилоот мубодилаи афкор намуданд.
Аз рўи натиҷаҳои вохўрӣ ба кормандони ниҳоди мазкур тавсияҳо дода шуданд.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ