Ғарибию ғарибию таҳаммул,
Агар хоре бинам, номаш ниҳам гул.
(Байти мардумӣ)
Намехостам дар ин мавзуъ нависам. Аммо як навиштаи ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова маҷбурам кард, ки ба ин мавзуъ рӯй орам. Воҳидова дар саҳифаи фейсбукии худ менависад: «Ӯзбекҳо як мақол доранд: «қочмаган номард». Имрӯз дар асоси маълумоти ба даст омада собиқ вакили мудофеи вакили шинохта Бузургмеҳр Ёров — Қодирова Муаззама аз марзи кишвари Белорус вориди Полша гардид. Бо статуси гурезаи сиёсӣ. Гӯё ин адвокати ношинохтаи тоҷик зимни дифоъ аз ҳуқуқҳои Бузургмеҳр Ёров мавриди фишор, таъқиб ва таҳдиди мақомоти амниятӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта бошад.
Ягон маротиба шунида будед, ки ӯро мақомот азият медиҳад? Акнун дарк кардам, ки парвандаи Ёров Б. роҳхат (путёвка) ба Аврупо будааст. Ҳастанд довталабони Аврупо? Пас, Бузургмеҳр Ёровро ҳимоя кунед!».
Омили аслии пайдо шудани «лжебеженец»-ҳо чист?
Гап сари он аст, ки мувофиқи шунидаҳо бо номи «журналист» ҳам, соли охир «лжежурналист»-и зиёде имрӯз ба хотири рӯзгори беҳтар рӯй ба Амрикою Аврупо меоранд. Зеро онҳо наметавонанд, ки чун шаҳрванди оддӣ дар ин кишварҳои пешрафта кору зиндагӣ пайдо намоянд. Аз миёни журналистоне, ки рафтанд, нафароне ҳастанд, ки воқеан чун журналист эшонро мешинохтанд, медонистанд. Рафтани Исфандиёру Абдуазим, Марату Темур ва шояд 10-15 нафари дигар албатта холигоҳи азиме дар журналистикаи вақт пайдо кард ва дар ин маврид ҳамкасбон дар Тоҷикистон гуфтанду навиштанд. Аммо, вақте тахмин мезананд, ки наздики сад ва ҳатто бештар аз он, тарки Тоҷикистон кардаанд, ҳайратзада мешавӣ, ки онҳо кӣ будаанд, куҷо кор кардаанд ва чаро эшонро чун «журналист» дар кишвар намешиносанд?
Вале вақте навиштаи муаллима Воҳидоваро хондам, ба асли воқеа сарфаҳм рафтам. Яъне, имрӯз ба ҳар баҳона, ба ҳар нағма ҷомеаи журналистие, ки ҳоло ба ангушти шашум дар Тоҷикистон бадал шудааст, тарки кишвар мекунад.
Чаро ангушти шашум? Мисол меорам: Агар ки то имрӯз журналистикаи мустақилро «бачаи угай» меҳисобидем, акнун ба ин рӯйхат ВАО-и давлатӣ ҳам ҳамраҳ шуд. Ба наздикӣ ба хотири пур кардани буҷа ба ин тасмим расиданд, ки агар «ҳаққи қалам»-и расонаҳои давлатиро буранд, пас Тоҷикистон аз буҳрони иқтисодӣ мебарояд. Аз ин рӯ, ҳаққи қалам ба рӯйхати «хароҷоти дуюмдараҷа» дохил карда шуд. Ҳа, рухсатиҳои чилу панҷоҳрӯза не, маҳз ҳаққи қалам, ки аксар ба хотири он менавиштанду менависанд.
Баъзе содадилон дар созмонҳои журналистӣ ва миёни соҳибрасонаҳо ба ин умед буданду ҳастанд, ки вазъи гиряовари журналистикаи бесоҳиби тоҷик пинаки кадом мансабдореро вайрон месозад ва ин мансабдор ақаллан барои гирифтани пеши роҳи «фирори мағзҳо» баъди ин ҳама шояд коре мекунад…
Хестед, ки хобед!
Мансабдори баландпояи наздик ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар суҳбате гуфтааст:
— Дар Тоҷикистон аҳолӣ зиёд, зиёӣ ҳам зиёд шудааст. Аз рафтани онҳо натарсед!
Ман намефаҳмам: «Ин сӯ равам, мезанӣ, он сӯ равам, мезанӣ», ё шояд ба қавли Сайёфи Мизроб, «журналистонро кӣ аз Тоҷикистон меронад?». Ин ҳама ба нафъи кист ва кӣ мехоҳад кишвари моро бо «лжежурналистон» шиносанду муҳите барои санги маломат задан ба Тоҷикистон эҷод кунанд?
Ман посухи ин суолро надонистам, шояд Шумо медонед!
http://www.faraj.tj/index.php/tj/minbari-sardabir/13258-lzhebezhenets.html