Ассотсиасияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бо дастгирии молии Сафорати Ҳолланд дар шаҳри Остонаи Қазоқистон давраи омӯзиширо барои хабарнигорони ҷавони шаҳру навоҳии минтақаи Қўрғонетппа баргузор намуд.
Дар ин семинар беш аз 15 хабарнигор аз радиою телевизион, газетаҳои шаҳру навоҳї ва хабарнигорони мустақил дар мавзўҳои бехатарии эҷодиёти журналистӣ таҷрибаи худро ғанӣ гардниданд.
Дар ин семинар, ки аз 10-ум то 12-уми март идома кард, хабарнигорон дар мавзўи таҳқими малакаҳои амнияти ҳуқуқӣ, рақамӣ ва писихологии журналистон омӯзиш гирифтанд.
Аз ҷумла амнияти киберфазо дар фактчекинг ё фактсанҷӣ, мафҳуми амнияти иттилоотӣ , истифода аз хадамоти VPN, барномаҳои муҳиме барои бехатарии иттилоотӣ ва журналистон, таъсиси махзани рамзҳо мавриди тамрини иштирокдорони семинар ќарор доштанд.
Дар семинар, ки беҳтарин журналистони ҷавон мисли Фирӯзи Барот, Аҳлиддин Салимов, ҳамчун тренер ба ҳамкасбони худ абзори бехатарии рақамиро омўхтанд, ки ба хабарнигорони ҷавони минтақаи Қўрғонтеппа писанд омад.
Умед Мирзоев, хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон ба мониторинги АМВАОМТ гуфт, ки семинар барои журналистон муфид ва зарурӣ буд, чун онҳо таҷрибаи худро бой намуданд, хусусан дар мавриди бехтарии рақамӣ. Амонҷон Муҳиддинов, хабарнигори мустақил дар шаҳри Қўрғонтеппа гуфт, ки бештар машварати ҳукуқии Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМВАОМТ ва Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқуқшиноси ҳамин ниҳод ба хабарнигорон машварти ҳуқуқӣ доданд.
Чунин семинар барои журналистони љавони вилояти Суғд низ санаҳои 20-22 феврали соли равон баргузор гашта буд.
Хадамоти мониторинги АМВАОМТ