Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик хабарнигорон аз расонаҳои мухталиф, бахусус сармуҳаррирони ҳафтаномаҳои шаҳрию ноҳиявиро Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон барои заҳматҳои кашидаашон қадрдонӣ намуд.
Давлатшо Гулаҳмадзода нақши матбуот, телевизион ва радиоро дар рушди вилояти Хатлон ва хабарнигорони расонаҳои дигарро муҳим ва созанда хонда, онҳоро ба муносибати рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамоиши журналистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, собиқадорони матбуот ва хабарнигорони ВАО-и вилояти Хатлон баргузор гардид.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон журналистонро ба муносибати Рӯзи матбуот тоҷик табрик намуда, иброз намуд, ки: “Бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир зарурате пеш омадааст, ки имрӯз ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори омма минбари суханро барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад”.
Дар ҳамоиш тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни вилоятии журналистон «Неруи сухан», ки соли 2016 бо қарори раиси вилояти Хатлон эълон шуда буд, баргузор гардид. Ҳамин тавр дар озмуни «Беҳтарин тадқиқоти журналистӣ» рӯзноманигорон Сайраҳмон Назриев (маҷаллаи «Сафо»), Ҳангомаи Исмат (рӯзномаи «Хатлон») ва Азизи Фаттоҳ («Субҳи Шаҳритуз») ғолиб дониста шуданд. Инчунин дар озмунҳои «Беҳтарин рӯзномаи шаҳрию ноҳиявӣ» — рӯзномаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа», «Беҳтарин гузориши телевизионӣ» — намояндаи телевизиоин «Ҷаҳоннамо» Шариф Мираков ва «Беҳтарин гузориши радиоӣ» — хабарнигори радиои вилоят Аҳмадҷон Раҳимзода соҳиби ҷоиза гардиданд. Аз ҷониби раиси вилоят ба ғолибони озмун аз 500 то 1000 сомонӣ мукофотпулӣ ва Шаҳодатнома супорида шуд.
Ба рӯзномаҳои вилоятии «Хатлон», «Новий Хатлон», «Дӯстлик», Идораи ТВ ва радиои вилоят, маҷаллаи «Сафо», нашрияҳои ноҳиявии «Баҳористон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Тахти Қубод»-и ноҳияи Қубодиён, «Вахш», «Субҳи Шаҳритуз» сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим гардид.
Дар охир барандагони Ҷоизаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин (назм) ва ба номи Носири Хусрав (наср) эълон гардид. Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав насиби марҳум Раҳими Рафеъзод (ба писараш) ва Аҳмади Иброҳим гардид. Шоир Акрами Ризом Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳинро ба даст овард. Ба ин ҷоизадорон аз ҷониби раиси вилоят 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ