Дар арафаи ҷашни матбуоти тоҷик ба хотир овардани нафароне, ки имрӯз дар байни мо нестанд, амали нек аст. Рӯзноманигор Ҷумъаи Мирзо чанд хотираи хушеро аз ҳамкасбони шодравон ҷамъ овардааст, ки як боби китоби нави муаллиф «Шаҳди ханда»-ро ташкил додаанд. Чанд намуна аз ин китобро пешниҳоди хонандагони арҷманд мегардонем.
Ба Акбари Саттор:
Ҳар куҷо обод гар якто бар аст,
Ҷойи базму ҷойи айши Акбар аст.
«РАИСИ ИЖТ»
Дарбони ГЖК ду сол пеш нав шуд. Ҳар рӯз бо шиму костуми нав, галстуки таранг баста, мӯи сап-сафеди ялаққосии боло шона зада ва дар даст ҷузвдони чармин ба кор меомадам. Чун вориди ГЖК мешудам, дарбони ҷавон аз ҷой хеста, боадабона салом медод ва то назди лифт гуселам мекард. Ҳарчанд хоҳиш мекардам, ки ташвиш накашад, вале бефоида. Аз байн қариб як моҳ гузашт. Рӯзе вориди ГЖК шудам, ки дарбон манъам карду ба ду-се ҷавони дар паҳлуяш буда ишора кард ва маро ба онҳо муаррифӣ намуд:
— Марҳамат шинос шавед, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор ана ҳамин касанд.
“ДАР ОН ДУНЁ ҲАМ ҚАРОР НАМЕШИНАД-Е”
Шумораи нави рӯзномаи “Нигоҳ”-ро ба даст гирифтаму дар саҳифаи сеюми он зери рубрикаи “Илҳоми ҳафта” шеъри нави Саъдуллоҳи Мӯсоро дидам, ки бо имзои Сонӣ чоп шуда буд. Аз марги Саъдуллоҳи Мӯсо даҳ рӯз гузашта буд. “Дар раҳмати Худо бошад” гуфтаму аз дил гузаронидам:
— И бача дар ун дунё ҳам қарор намешинад-е, аз ҳамон ҷо шеър навишта, ба идораи рӯзнома фиристодааст.
КАФШЕР
Дар 35-солагии фаъолияти журналистии Талабшоҳи Холиқзод донишҷӯи соли аввали факултети жуналистикаи ДМТ Мафтуна Назирова баромад карда, ӯро табрик гуфт ва шеъре бо номи «Орзу», ки матлааш ин аст, хонд:
Гар Худо дорад амон, дар ин диёри нозанин,
Журналисти беҳтарини Тоҷикистон мешавам.
Бо ҳама кӯшишу ғайрат, дониши аълою хуб,
Ман раиси Иттифоқи журналистон мешавам.
Дар ҷавоби шеъри ӯ бадоҳатан гуфтам:
Орзуи хуб хоҳар, лек ӯ дер кардааст,
Акбари мо курсиро 100 сол кафшер кардааст.
РАИСИ СЕРКОР
Рӯзноманигоре аз ноҳия ба пойтахт омад ва хост «за одно» Раиси Иттифоқи журналистонро бинад. Рӯзи аввал омад, вале раисро пайдо накард. Рӯзи дуюм омад, боз Раис дастнорас буд. Ниҳоят аз ҳамкорони Раис дар куҷо будани ӯро пурсид. Гуфтанд, ки ҳамин вақтҳо кори Раис аз мӯи сарашон ҳам зиёд асту агар зиёд муштоқи дидорашон бошад, соати 7-и саҳар ӯро дар даромадгоҳи бари «Шарқи озод» интизор шавад, ҳатман орзуяш ҷомаи амал мепӯшад. Рӯзи дигар меҳмон субҳи содиқ дар ҷои таъиншуда ҳозир шуд ва ниҳоят ба дидори мубораки Акбаралӣ Сатторов мушарраф гардид. Панҷ-шаш дақиқа бо Раис суҳбат карда, арзи дилашро гуфт. Вақти бозгашт ҳамон нафаронеро дучор омад, ки гуфта буданд, кори Раис аз мӯи сараш ҳам зиёдтар аст ва бадоҳатан гуфт:
— Агар серкориро бо мӯйи сари Акбаралӣ Сатторов ченак кунем, пас бояд аз ӯ бекортар дар ду дунё касе набошад.
“ШУМО ШИШТА НАМЕТАВОНЕД”
Бо даъвати дӯсти рӯзноманигорам Ҷовиди Аштӣ ба “Хонаи матбуот”-и шаҳри Хуҷанд омадем. Пас аз шиносоӣ бо шароити кории онҳо хостем дигар ҳамкасбонамонро ҳам зиёрат кунем. Чун ба ҳуҷраи кории намояндаи рӯзномаи “СССР” дар вилояти Суғд Раҳими Ашроф омадем, набуд. Дар давоми қариб як соат ду-се маротибаи дигар хабар гирифтем, боз ҳам ӯ дар утоқи кориаш набуд. Ниҳоят хатчаеро бо мазмуни зайл дар дараш часпондему баргаштем: “Шумо ҳама корро метавонед, вале дар ҷоятон шишта наметавонед”.
«НАЗАРАТОН НАМЕГИРАД»
Директори Радиои «Тоҷикистон» Шарифи Мисайзодро дида, аҳволпурсӣ ва шикоят кард:
— Камнамоӣ, Шариф?
— Камнамо нестем, Раис. Майда, ки ҳастем, ба чашматон наменамоем,- гуфт Шарифи ҳозирҷавоб.
«ПИСАРАМ ПУТАТ КАРДАСТ»
Ҳар ҳафта субҳи рӯзи душанбе дар Радиои «Тоҷикистон» ҷаласаи умумӣ баргузор мегардад ва дар он иштироки ҳамаи кормандон ҳатмист. То саршавии ҷаласа чанд дақиқа вақт монда буд ва дар даромадгоҳи Радио бо Шарифи Мисайзод вохӯрдам, ки ӯ ҳам чун ман саросема буд.
— Шариф, ту маъмулан сари вақт ба кор меомадӣ, чаро имрӯз дер кардӣ?,- пурсидам аз ӯ.
— Э, напурс, бо айби писарам қариб дер мекардам,- гуфт ӯ.
— Нафаҳмидам, писарат чӣ дахл дорад?,- пурсидам.
— Андозаи шиму кастюми ману писарам як аст. Ӯ ҳам ба дарс дер намонам гуфта саросема шудаву путат карда, шиму кастюми маро пӯшидааст. Ман маҷбур шудам, ки либосҳои ӯро пӯшам, размерамон як аст- ку,- ҷавоб дод шодравон Шарифи Мисайзод.
«ВАЗИРИ МУДОФИА МЕШУДАМ»
Бо кадом коре шодравон Шарифи Мисайзод меҳмони идораи барномаҳои фарҳангию фароғатии радио шуд. Якҷоя нишаста суҳбат мекардем, ки ҳамин вақт барномаи «Ахбор» оғоз шуд. Баъди хабарҳои дохилӣ диктор ба қироати хабарҳои хориҷӣ гузашт ва чунин хабарро хонд: «Ҳукуматдорони Ветнам тасмим гирифтанд, аз ин баъд ҷавононе, ки қадашон аз 1 метру 50 сантиметр паст аст, ба хизмати аскарӣ даъват карда нашаванд».
Ин хабарро шунидан замон Шариф гуфт:
— Сад афсӯс, ки дар Ветнам нестам.
— Чаро орзуи Ветнамро кардӣ?,- дар ҳайрат монда, пурсидам аз ӯ.
— Чунки бо ин қаду бастам дар он ҷой ман ҳатман вазири мудофиа мешудам,- ҷавоб дод вай.
«МУЛЛОФУХИН»
Дар маросими баимзорасии «Созишномаи сулҳи тоҷикон» дар шаҳри Маскав собиқ муҳаррири идораи барномаҳои бурунмарзии Радиои «Тоҷикистон» Нусратшоҳ Таваллоев ба сифати рӯзноманигор иштирок доштанд. Дар танаффуси музокирот ӯ барои сабти суҳбат як нафарро даъват мекунанд. Ӯ чунин мегӯяд:
— Мо бисёр хурсандем, ки имрӯз «Созишномаи сулҳ» байни ҳукумат ва му-ло-фухин ба имзо мерасад…
Таваллоев ӯро манъ карда, мегӯянд:
— Муллофухин не, мухолифин гӯед.
— Майлаш. Мо бисёр хурсандем, ки имрӯз «Созишномаи сулҳ» байни ҳукумат ва муллофухин ба имзо мерасад…
Ҳамин тавр, се-чор маротиба ҳамсуҳбат калимаи «мухолифин»-ро талаффуз карда наметавонад. Рӯзноманигор ҷонбезор шуда, хоҳиш мекунад:
— Майлаш, «мухолифин»-ро талаффуз карда ки натавонед, барои идораи бурунмарзии мо калимаи «оппозисиун»-ро гӯед ҳам мешавад.
— Хуб шудааст. Мо бисёр хурсандем, ки имрӯз «Созишномаи сулҳ» байни ҳукумат ва оппо… оппо… Э, муаллим, заб корамонро осон кардед, ҳамон «муллофухин» беҳтар ва осонтар буд, биё, ҳамонро гуфтан гирам, баъд худатон ислоҳаш мекунед,- мегӯяд ҳамсуҳбаташ.
«ЧИЗИ АСОСӢ ФАРОМӮШ ШУДААСТ»
Охири солҳои 90-уми асри гузашта дар Радиои «Тоҷикистон» баргузор кардани шанбегиҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Дар ҷаласаи умумии рӯзи душанбегӣ директори радио Мансур Султонов раиси иттифоқҳои касаба Раҳмон Шералиро (руҳашон шод бод) аз ҷой хезондаву пурсиданд:
— Ин ҳафта ҳам ба пешвози ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён шанбегии умумӣ баргузор мегардад. Канӣ, маълумот диҳед, ки ба шанбегӣ чӣ гуна омодагӣ дидаед.
— Ҳамаи кормандонро огоҳ кардаем, дар ҳамаи ошёнаҳо эълонро часпондаем. Белу каланд, замбар, дастпӯшак, латта, масолеҳи сохтмонӣ омода аст,- ҳисобот доданд Раҳмон Шералӣ.
— Боз фикр кунед, ки ягон чиз фаромӯш нашуда бошад,- таъкид карданд Султонов.
Раҳмон Шералӣ каме фикр карданду гуфтанд:
— Ба фикрам, ягон чизро фаромӯш накардаем.
Банда, ки дар паҳлуи Раҳмон Шералӣ менишастам, иҷозати сухан кардан гирифтам. Султонов иҷозат доданду гуфтам:
— Ба фикрам, чизи асосие фаромӯш шудааст, ки ягон шанбегӣ бе он намегузарад.
— Чӣ будааст он?,- чун дигар ҳозирин мароқ зоҳир карданд Султонов.
— Он чиз… дег аст, Мансур Султонович,- гуфтам ман.
Ҷавоб ба ҳама маъқул шуду якдилона қарор қабул карданд, ки ин хатои иттифоқҳои касаба бояд ҳатман ислоҳ карда шавад.
НИМ БАСТ
Солҳои 90-уми асри гузашта дар идораи рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” (ҳоло “Анбоз”) ҳамкорон банавбат хӯрок меовардем ва нисфирӯзӣ якҷоя тановул мекардем. Мардҳо алоҳида навбат доштанду бонувон алоҳида. Ҳафтае ба ҳар кас як маротиба навбат мерасид. Дар рӯйхати навбатдорон шоир ва рӯзноманигор, шодравон Амонбек Шоҳзода ҳам буданд, ки дар идора ним баст кор мекарданд. Чун наздик омадани навбаташро фаҳмиданд, ба ҳамкорон гуфтанд:
— Бародарон, бе хафагӣ, ман ош пухта меорам, вале бе гӯшт.
— Чаро дигарон хӯроки гӯштдор меоранду Шумо бегӯшт?,- дар ҳайрат шуда пурсиданд ҳамкорон.
— Охир, ҳамаи шумо як басти пурра кор мекунед. Ман бошам, ним баст кор мекунам, аз ин рӯ, оши бегӯшт меорам,- ҳозирҷавобӣ карда гуфтанд Амонбек Шоҳзода.
… Вале “ҷентелменӣ” карда, пагоҳаш ончунон оше овард, ки ба қавле аз биринҷаш дида гӯшташ зиёд буд.
«ДАР ОН ДУНЁ ҲАМ “ДУНЁ” МЕХОНАНД»
Шоир ва рӯзноманигор Убайдуллои Ширин тақрибан миёнаҳои моҳи декабр шеъре дар даст вориди утоқи корӣ шуда, хоҳиш намуданд:
— Илоҷаш бошад, ҳамин шеърро дар шумораи наздиктарин чоп кунед.
— Шеъратон дар бораи чист?
— Дар бораи баохиррасии дунё.
— Шеъратонро чоп карда наметавонем.
— Чаро?
— Чунки шумораи навбатии мо баъди баохиррасии дунё чоп мешавад ва касе онро хонда наметавонад.
— Шумо чоп кунед, дар он дунё ҳам рӯзномаи «Дунё»-ро мехонанд,- гуфт дар ҷавоб шодравон Убайдуллои Ширин.
«КИСАҲО ХОЛӢ МЕШАВАНД»
Рӯзноманигори шинохта, шодравон Муҳаммадҷон Мирзошоев ҳафтае як-ду маротиба барои баровардани азоби танҳоӣ ба бинои «Шарқи озод» меомаданд ва ҳатман бандаро низ хабар мегирифтанд. Баъди суҳбату варақгардон кардани китоби хотираҳо мегуфтанд:
— Ман асосан барои холӣ кардани дилам ба ин даргоҳ меоям.
Баъди гусел кардани устоду ба дасташ додани сигорпулӣ шӯхиомез гуфтам:
— Устод, баъди омаданатон Шумо дилатонро холӣ мекунеду мо кисаамонро.
Устод хандаи беғаше карданду ба қавле чак партофта, хайрухуш намуданд.
«ХАРИГАРӢ ЗИЁД ШУДААСТ»
Шодравон Кароматуллоҳи Аҳмад одате доштанд, ки чун дар даромадгоҳи «Шарқи озод» вомехӯрдем, ҳатман ҳисобот медоданд, ки ин ҳафта дар чанд нашрия чӣ қадар мавод чоп кардаанд.
Рӯзе бо ҳам вохӯрдему гуфтанд:
— Маро ду масъала сахт ба ташвиш овардааст.
— Кадом масъалаҳо будаанд, устод?,- таваҷҷуҳ зоҳир карда, пурсидам.
— Масъалаи якум ин ки, давоми бист соли охир дар кишвар теъдоди харҳо ду баробар кам шудааст.
— Парво накунед, бародарони хитоӣ бо ҳамин суръат омадан гиранд, чанд сол пас харро ба «Китоби сурх» дохил мекунанд,- гуфтам ман.
— Вале масъалаи дуюм аз ин ҳам ташвишовартар аст,- худро ҷиддӣ вонамуд карда гуфтанд.
— Наход ин аз масъалаи якум гуфтаатон ҳам ҷиддитар бошад? Хуб, канӣ он кадом масъала будааст?,- кунҷковона пурсидам.
— Масъалаи дуюми ташвишовар он аст, ки агар шумораи харҳо ду баробар кам шуда бошад, дар ин муддат харигарӣ даҳ маротиба зиёдтар шудааст,- гуфтанд шодоравон Кароматуллоҳи Аҳмад.
«ЁДБУД КАРДАНД-ДА»…
P.S.: Дар даромадгоҳи театри Лоҳутӣ ҳамкасбон омодаи ворид шудан ба толор баҳри таҷлили Иди матбуот буданд. Рӯзноманигор Ҳотам Рабиев баъди саломуалайк ва пурсупос савол доданд:
— Ҳоло ҳам дар Радиои «Тоҷикистон» кор мекунед?
— Не, чанд сол боз аз кор рафтаам,- ҷавоб додам ба ӯ.
— О, дирӯз як барномаатонро шунидаму…- ҳайрон шуда гуфтанд он кас.
— Дар бораи ман барномаи «Ёдбуд» кардаанд-да,- ҷавоб додам ба ӯ.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/farhang/13307-khanda-oi-uznangez.html