Кормандони ВАО-и Хуҷанд суръат ва сифати интернети мобилии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро дар ноҳияи Спитамен санҷиданд.
Роҳи сафар сӯйи маркази ноҳиявии Спитамент ва ҷамоати дурдасттарини Фармонқурғон пеш гирифта шуда буд.
Тавре андозакуниҳо нишон доданд, дар вақти ҳаракати нақлиёт ва дар истгоҳҳо суръати таҳвили маълумоти мобилии шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” аз 10 то 15 Мбит/с-ро нишон дод. Барои ноҳияҳои Тоҷикистон ин натиҷаи олист: чунин суръат барои азназаргузаронии сомонаҳо ё онлайн-гӯшкунии мусиқӣ комилан мувофиќ буда, дар шароити набудани дастрасии интернет тариќи сим интернети мобилӣ ҳам дар хониш, ҳам ҳангоми дилхушӣ дастёри хеле хуб хоҳад буд.
Дар вақти сафар мутахассисони техникии ширкат ба намояндагони ВАО истгоҳи базавии инноватсиониро нишон доданд. Хабарнигорон аз тарзи фаъолияти системаи барқтаъминкунӣ, танзимкунии боду ҳаво ва бехатарии он воқиф гаштанд. Баҳри равшантар нишон додани вазъият муҳандисони “МегаФон Тоҷикистон” ба таври сунъӣ нерӯи барқи беруниро қатъ карданд. Бинобар мавҷуд будани манбаъҳои захиравии нерӯ истгоҳи базавӣ фаъолияти худро идома медод ва суръати дастрасӣ ба интернет дар сатҳи пешина боқӣ мемонд. Чунин “захираи эътимод”-ро ширкат дар ҳамаи истгоҳҳои базавӣ таъмин менамояд.
“Суръати хуби интернети мобилӣ барои хабарнигори муосир воситаи асосӣ барои ҷустуҷӯи мавод, омодакунии сужаҳои телевизионӣ ба ҳисоб меравад. Мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аён нишон доданд, ки то чи андоза истифодабарандагони интернети мобилии насли сеюм дар ҷамоати Фармонқурғон, аз ҷумла хабарнигорон, имкониятҳои бузургро соҳиб шуданд. “Барои ман низ, чун мухбир гирифтани маълумот оид ба технологияҳое, ки бо алоқа таъмин намуда, одамони ба фосилаи ҳазорҳо километр аз ҳам дурбударо мепайванданд, хеле ҷолиб буд. Ин барои мо, намояндагони ВАО лоиҳаи беҳтарин аст”, — мегӯяд корманди шабакаи телевизионии “Танин” Маҳмуд Аҳрорї.
“Дар нуқтаҳои хурди аҳолинишин талабот ба интернети мобилӣ чун дар шаҳрҳои бузург баланд аст. Мо шабакаро дар такя ба талабот тараққӣ медиҳем, маҳз аз ҳамин сабаб қариб нисфи ҳамаи истгоҳҳои базавии мо дар ноҳияҳо насб карда шуданд. Суръати миёнаи дастрасӣ ба интернет дар марказҳои ноҳиявӣ 10/21 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Иштирокчиёни тест-драйв муътақид шуданд, ки дарњаќиќат мо хизматрасониҳои баландсифатро пешниҳод менамоем”, — изҳор медорад роҳбари раёсати минтақавии “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Фирдавс Зеваров.
Фарогирии васеъ ва алоқаи босифати “МегаФон Тоҷикистон”-ро дар минтақа шабакаи бомиқёс таъмин менамояд. Қисми назарраси истгоҳҳои базавӣ ба хатҳои нахӣ-нурии алоқа, ки ба ҳаҷмҳои бузурги маълумоти муштариён роҳ дода, суръати баланди таҳвили маълумотро таъмин мекунанд, пайваст карда шудаанд.