Нақши ВАО дар ҳаёти донишҷӯён

Ба ифтихори  Рӯзи матбуот бо ибтикори раёсати Донишкадаи забонҳо  бо номи «Паёми донишҷӯ, паёми мост» ҳамоиши васеъ баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи ҳамоиш ректори донишкада Маҳмаддулло Раҷабзода, омӯзгорону мудирони кафедраҳо ва меҳмонон аз дигар муассисаҳои таълимӣ ширкат намуданд.

Ректори маърифатгоҳ профессор М. Раҷабзода иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузор намудани ин гуна маҳфилҳо  дар донишкада баланд бардоштани сатҳи саводи сиёсии донишҷӯён мебошад.

Котиби масъули рӯзномаи «Паёми донишҷӯ» Доро Суҳробӣ дар мавзӯи «Нақши ВАО-и чопӣ дар ҳаёти донишҷӯён»  андешаҳои хешро ба саҳми донишҷӯёну омӯзгорон расонд.

Сипас, Шаҳрилло Саидов, хабарнигори ҷамоатии нашрия, дар мавзӯи «Матбуот дирӯзу имрӯзу фардои мост» баромад намуда , иброз дошт, ки дар арафаи ҷашни 105-солагии Иди матбуот қарор дорем ва мо бояд ҷавононро ба мутолаи матбуот таблиғ намоем.

Дар идомаи ҷамъомад ба Мавҷуда Шарифова, Зебо Саидова, Қобил Назаров ва Шаҳрилло Саидов хабарнигорони ҷамоатии нашрияи «Паёми донишҷӯ» барои фаъолияти пурсамар ва инъикоси воқеии кору пайкори донишкада бо маводҳои арзишманду пурмуҳтаво, бо ифтихорномаи раёсати донишкада сарфароз гардонида шуданд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13325-na-shi-vao-dar-ajoti-donish-jon.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *