ҶАШНИ МАТБУОТ ҶАШНИ ҲАМБАСТАГИСТ

Сухан дар пиндор ва фањмиши мардуми фарњангпарвари мо њамеша маќоми арзанда дошту дорад.

Аз ин рў эътимоду эњтироми тољикон ба сухан ва суханварон табииву азалист. Ањли матбуот низ аз шумори суханварон буда, дар роњи дастрасии омма ба воќеияти рўз наќши барозанда доранд. Аз ибтидои пайдоишаш то имрўз матбуот дар тамоми олам ин рисолатро ба дўши худ гирифта, барои пешрафти инсоният хизмати шоёне анљом додаву медињад. Матбуоти тољик низ дар таърихи беш аз 100-солаи худ дар роњи пешрафт ва ташаккули афкори љомеа, тарѓибу ташвиќи арзишњои милливу умумибашарї новобаста аз сиёсати замон содиќ будааст. Чароѓеро, ки дар он рўзгори торики амирї мубтакирони нахустин нашрияи тољикї «Бухорои шариф» барафрўхтанд, талоше барои рўшанї андохтан дар рўзгори аљдодони мо буд. Ин нашрия камтар аз 10 моњ умр дид, аммо роњеро кушод, ки барои садсолањо хизмат хоњад кард. Имрўз «Бухорои шариф» барои ањли ќалами расонањои тољикї нахустин сабаќи таърихи матбуоту касбият буда, дар роњи тарѓибу ташвиќи маърифати замонї, худшиносиву худогоњї рушноибахш ва мактаби ибрат боќї мондааст.

Таърихи матбуоти тољик моломоли талошњои созандаву пуршараф аст. Дар ин муддат матбуоти тољик анъанаву суннатњоеро роњандозї кардааст, ки барои њар насли нави рўзноманигорон сабаќи касбият, њаќиќатнигорї, воќеъбинї, созандагї, эњтиром ба арзишњои милливу башарї медињанд. Бахусус, бо шарофати истиќлолияти комили сиёсии Ватани азизамон – Тољикистон ин сабаќњо амри зарур ва бештар коромад шудаанд. Њамин аст, ки барои фаъолияти густурдаи матбуот ва умуман воситањои ахбори омма фазои созгоре муњайё гардидааст. Чун бо ќабули Конститутсия мо бунёди љомеаи њуќуќбунёдро маќсади худ ќарор додем, аввалин иќдоми роњбарияти давлати тозаистиќлоли мо фароњам сохтани заминањои њуќуќии фаъолияти воситањои ахбори омма буд. Дар ин росто дањњо асноди њуќуќї, аз љумла ќарору ќонунњо, амру фармонњо ба тасвиб расиданд, ки тамоми пањлуњои фаъолияти расонањоро танзим мекунанд. Ќабули ин аснод, пеш аз њама, ба иродаи ќавии сиёсии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон иртибот мегирад. Ва ин ки имрўз дар фазои иттилоотии мо расонањои моликият ва самташон гуногун фаъолият доранд, самараи иродаи Пешвои муаззами миллатамон мебошанд. Дар суханронии Пешвои миллат дар маљлиси тантанавї бахшида ба 100-солагии матбуоти тољик таъкид гардид, ки «Њадафи асосии матбуоти њукуматї ва мустаќил њамчун ду шохаи бо њам пайвастаи матбуоти Тољикистон иљрои рисолати касбї, яъне хизмати содиќона ва софдилона ба манфиати халќу Ватан мебошад.»

Хушбахтона, бо истифода аз имкониятњои фароњамомада дар љумњуриамон матбуоти расмї, њукуматї, љамъиятї, шахсї, соњавї ва ѓайра фаъолият доранд. Аммо наметавон гуфт, ки фаъолияти њама расонањо ба пешрафти љомеа як хел мусоидат мекарда бошад. Ин аз як нигоњ аз табиати касби рўзноманигорї (гуногунандешиву озодии баён) бармеояд ва аз нигоњи дигар бозгўйи сатњи пасти касбият, фањмиши нодурусти озодии баён, сўистифода аз гуногунандешї мебошад. Њам дар расонањои чопї ва њам электронї баъзан умумигўйї, тањлили сатњї, нусхабардорї, ѓаразбозї, манфиатталошї, риоя нашудани меъёрњои касбиву этикї ба мушоњида мерасад, ки ба ањли сухан зебанда нест.

Љањони имрўз љањони чанд дањсолаи пеш нест. Иттилоъ дар шароити муосири љањонишавї ба силоњи муборизањо табдил ёфтааст. Ва њеч иттилое бидуни маќсад пахш намегардад. Тавассути технологияњои иттилоотї дар камтарин фурсат дилхоњ иттилоъ дар олам пањн мешавад. Ин њам нишони ањамияти иттилоъ асту њам водоркунандаи масъулият дар назди гирандаи иттилоъ. Ин масъулият то кадом андоза дархўри манфиатњои милливу давлатии мост, саволест аз њар рўзноманигор посух мехоњад. Аз ин рў ањли ќаламро мебояд дар баробари иљрои вазифањои касбии худ манфиат ва арзишњои миллии Давлати соњибистиќлоламонро дар мадди аввал гузоранд. Ба њамин маънї суханони Президентамон басо бамаврид мебошанд: «Манфиатҳои миллї ва суботу оромии љомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанї на танҳо дастгоҳи тавонои хабарї бошанд, балки дар муборизаи иттилоотї бароиҳифзи манфиатҳои миллї, алалхусус амнияти давлат ва љомеа хизмат кунанд.»

Ба як маъно, рўзноманигорон дар муборизаву љангњои иттилоотї бояд сарбоз ва сипари боэътимоди миллат бошанд. Аммо ин суханони Пешвои миллат њаргиз маънои онро надоранд, ки дар расонањо аз камбудињо сухан набошад, баръакс, роњбарияти Давлату Њукумати кишвар дар ифшову бартараф кардани камбудињо дар симои рўзноманигорон шарикони худро дидан мехоњанд. Суханони зерини Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон бори дигар муносибат ва мавќеи роњбарияти кишварро ба ин масъала хотирнишон месозанд: «… танќид њамчун падидаи созанда яке аз омилњои асосии рушди љомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиќодї ва тањлилї ба далелу рўйдодњои љомеа боиси ошкор шудани нуќсу камбудињо ва ислоњу пешрафти фаъолияти ин ё он соња мегардад. Гузашта аз ин, танќид њатто худи инсонњоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онњо сабаб мешавад… танќид дар заминаи тањлили љиддї ва далелњои боэътимод бояд сурат гирад.» Ин таъкид нишони он аст, ки Њукумати кишвар ба танќиди созандаи ањли ќалами расонањо арљ мегузорад ва барои рафъи мушкилоти љойдошта аз суханони журналистон чун садои љомеаи шањрвандї истиќбол мегирад.

Мањз истиќлолият имкон дод, ки мо љашни касбии рўзноманигоронро дар рўзи чопи нахустин рўзномаи тољикї «Бухорои шариф» таљлил намоем. Ин љашн пос доштани рўњи дастандаркорони «Бухорои шариф», арљ гузоштан ба талошњои њамкасбони пешгузаштаамон, эњтиром кардани мењнати имрўзиёнро ифода мекунад. Ин љашнест, ки ањли ќалам – рўзноманигоронро дар роњи иљрои вазифањои касбиашон ба њам меорад. Ин љашн танњо ба рўзноманигорон марбут нест, балки ба њамаи мардум тааллуќ мегирад. Зеро расонањо барои мардум вуљуд доранду дарди мардумро мегўянд, мардум дар расонањо худ ва рўзгори худро мебинанд. Пас, љашни матбуот љашни њамбастагист. Љашни њамбастагии љомеа ва рўзноманигорон муборак!

http://journalism.tnu.tj/index.php/khabar-2/337-ashni-matbuot-ashni-ambastagist

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *