Машварати ҳуқуқии намояндагони АМВАОМТ бо кормандони “Радиои Хатлон”

Намояндагони АМВАОМТ дар шаҳри Қўрғон-теппа бо кормандони радиои вилоятӣ – “Радиои Хатлон”дар мавзўи дастрасӣ ба иттилоот, саривақт нагирифтани хабар, баҳонаҷӯии намояндагони мақомот ва саркашӣ аз сўҳбати аудиоӣ барои радио машварат доир намуданд.

Дар вохўрӣ Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқуқшиноси Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Хабарнигорони ҷавони радио инчунин дар мавзўе, ки бештар онҳоро нигарон кардааст, ин саривақт нагирифтани иттилоот, посух гирифтанд.

Ҳамзамон ба беш аз 10 хабарнигори ин радио, ки дар сўҳбати машваратӣ ҳузур доштанд гуфта шуд, ки онҳо бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ҳуқуқи саривақт гирифтани иттилоотро аз дилхоҳ корхона доранд, ба шарте агар иттлоъ сирри давлатӣ надошта бошад.

Вохӯрии мазкур 25 феврал баргузор гардид.

Радиои вилоят “Радиои Хатлон” беш аз 30 сол фаъолият менамояд ва ҳоло бознишаста шудааст. Айни ҳол беш аз 20 нафар хабарнигорони ҷавон бо барномаҳои нав дар ин радио кор мекунад.

“Радиои Хатлон” чанд соле пеш дар рӯи мавҷи “Радиои Тоҷикистон” — 2 фориғ аз вақти пахши барномаҳои радиои мазкур барнома пахш мекард, аммо ду сол аст, ки он дар мавҷи 101 FM барнома пахш мекунад.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *