Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон аз таъсиси маҷаллае ба номи «Бонувони Хатлон» хабар дод, ки гуфта мешавад шумораи аввалини ин маҷалла дар рӯзи иди модарон 8 март ба дасти хонандагонаш мерасад.
Раъно Раҳимзода, раиси идораи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон дар суҳбат ба намояндагии АМВАОМТ гуфт, ки ин ҳафтанома бо кумаки молии ҳукумати вилоят ба дасти хонандагон мерасад, ки аз ҳаёти занони баруманд ва корнамоиҳои занони фаъол гузоришу очерк, лавҳаю аксҳо нашр мекунад.
Теъдоди нашри маҷаллаи «Бонувони Хатлон» дар марҳилаи аввал 1000 адад будааст, бо аксҳои ранга ба дасти хонандагон мерасад.
Масъулин бар ин боваранд, ки таъсиси маҷаллаи «Бонувони Хатлон» мушкили бонувони Хатлониро дар гузоришҳояш ҷой медиҳад ва муарифгари занони фаъоли ҷомеа хоҳад буд.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ