Усмонов: Ба 90 фоиз пайрави дини ислом будани аҳолӣ бовар надорам

Дастрасӣ ба иттилооти боэътимод, нақши иттилооти боэътимод дар рушди журналистикаи касбӣ, омилҳои дастрасӣ наёфтани журналист ба иттилооти боэътимод, набудани иттилооти боэътимод-сарчашма, холигоҳи иттиллоотӣ ва дигар мушкилоту проблемаҳо имрӯз, 18-уми феврал зимни як мизи мудаввар дар Душанбе бо иштироки журналистони собиқадори касбӣ, хабарнигорони расонаву нашрияҳои давлатию ғайридавлатӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Пофессор Иброҳим Усмонов, яке аз ширкатдорони ин нишаст, ки дар мавзуи «Нақши иттилооти боэътимод дар рушди журналистикаи касбӣ» баромад намуд, мегӯяд, ба хабару мақолаҳое, ки дар нашрияҳо бе ном бурдани манбаъ расонаӣ мегарданд, эътимод надорад.

Ба назари профессор, журналист ҳангоми омода намудани матлаб аввалан бояд аз манбаъи муътамад истифода намояд ва дуввум, ному насаби манбаъ ҳатман зикр карда шавад, то хонанда ба он боварӣ ҳосил намояд.

Иброҳим Усмонов мегӯяд, ба он ки дар расонаҳо менависанд беш аз 90 фоизи аҳолии Тоҷикистон пайрави дини исломанд, бовар надорад ва онро куллан рад мекунад.

Ба андешаи профессор, беш аз 90 фоизи аҳолии кишвар пайрави дини ислом нест, балки ин танҳо ба маданияти исломӣ тааллуқ доранд.

— Пайрави дини ислом будан ва пайравӣ аз маданияти исломӣ намудан ин ду чизи тамоман аз ҳамдигар фарқкунанда аст. Пайрави дини ислом ин диндор гуфтанӣ гап аст. Ман гумон намекунам, ки беш аз 90 дарсади мардуми Тоҷикистон пайрави дини ислом бошад. Беҳтараш гуфтан даркор аст, ки беш аз 90 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба тамаддун ва маданияти исломӣ тааллуқ дорад. Зеро маданияти исломӣ ба одати мо, одоби мо, ахлоқи мо, зиндагии мо, анъанаи мо давоми 1400 соли исломро қабул карданамон ба шуури мо дохил шудааст ва мо онро ба таври стихиявӣ пеш мебарем. Вале ин масъалаи руҳонӣ шудани халқро ифода намекунад. Дар ин маврид, ман гумон намекунам, ки ҳама мардуми тоҷик намозхону диндору руҳонӣ шуда бошад ва аз тамоми аркони ислом пайравӣ кунад. Зеро ҷомеаи мо дар асоси қонунҳои Конститутсия зиндагӣ мекунад, на дар асоси қонунҳои шариати исломӣ. Бинобар ин, вақте ки истилоҳро дуруст истифода намекунем, манбаъи истифодашуда ҳам моҳияташро гум мекунад. Журналист барои дуруст истифода бурдани истилоҳ худашро бояд одат кунонад,- мегӯяд Иброҳим Усмонов.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13153-usmonov-ba-90-foiz-pajravi-dini-islom-budani-a-ol-bovar-nadoram.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *