Аз 9-уми январ то 6-уми феврали соли ҷорӣ тибқи нақша дар 66 вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2016 нишастҳои матбуотӣ доир гардид.
Чун анъана, баъзе роҳбарон аз нописандию саркашӣ бошад ва ё хайр, ки дар нишаст иштирок накарданд. Баъзе дигар аз тарси он, ки бемасъулиятиашон ифшо мешавад, дар нишаст бисёр эҳтиёткорона рафтор карданд. Дигарон аз он, ки воқеан мансабро ҳамчун масъулият қабул кардаву ҳама кору фаъолияташонро дар чаҳорчӯбаи қонун, бидуни ҳеҷ мушкилӣ ба сомон расонида буданд, бо боварии том ба нишаст омада, ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд. Дар зер хостам доир ба ништастҳои матбуотие, ки тӯли чанд ҳафтаи охир баргузор гардиданд, чанд нуқтаро орам.
Дақиқан, шак нест, ки дар ҷое кор бошад, камбудӣ ёфт мешавад. Кор бе камбудӣ намешавад. Ҳар инсон ҳам бояд ин чизро дарк намояд, ки дар дилхоҳ коргоҳ мушкилию камбудиро пайдо кардан мумкин аст. Ва дар навбати худ, аз роҳбарони муассисаҳо то вазоратҳо низ бояд бе тарсу дудилагӣ ба журналистон аз мушкилоти ҷойдошта ҳисобот диҳанд. Тарғиби кори идораву муассисаҳо ва дигару дигар ба воситаи ВАО албатта барои пешрафти корхонаҳо ёрӣ мерасонад. Зеро ба ин васила роҳбарон аз мушкилиҳое, ки то ин дам намедонистанд, огоҳ мешаванд. Чун солҳои қабл вақте ба дасти намояндагони ВАО варақаҳои иттилоотии корхонаҳо мерасад, аз арқоми дар он овардашуда ангушти ҳайрат ба даҳон мебарӣ. Албатта, намегӯям, ки онҳо барғалат ва ё дурӯғ оварда шудаанд. Аз ҳамин зовияе, ки ин сифру рақамҳои зиёд бо фоизи “ин қадар аз соли гузашта зиёд”, нигарем, бояд хулоса баровард, ки кори тамоми идораву муассисаву корхонаҳои кишвар ба таври аъло ва бо суръати ниҳоят баланд пеш рафта истодааст, ки дигар ягон мушкилӣ нест. Аммо, мутаассифона, ин тавр нест.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон чор сол мешавад, ки фаъолият дорад ва ин инак, ду нимсола аст, ки нишасти матбуотӣ доир мекунад. Воқеан, ҳалолашон бод. Дар ин муддати хеле кӯтоҳ бисёр корҳоро анҷом додаанд. Донишҷӯёни ин донишкада қисмати зиёди дарсҳои худро бо корҳои амалӣ мегазаронанд, аз ин рӯ, ҳеҷ мумкин нест, ки дилхоҳ фоизро ба мардум пешкаш кунанду онҳоро бовар кунонанд. Онҳо нақшакорӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ, расмкашӣ ва монанди ин корҳо мекунанд, ки шоёни таҳсин аст. Мушкилӣ дар он, ки барои иштирок дар нишасти ин муассиса тақрибан ягон рӯзноманигор нарафтааст. Шояд мавриди қайд бошад, ки тамоми рӯзноманигоронро месазад аз ин донишкадаву ҳунармандони он бисёр ёд кунанд. Зеро нафарони тасодуфӣ дар ин даргоҳ ангуштшумор ҳастанд.
Нишасти матбуотии телевизиони «Сафина». Аслан барои кӣ лозим аст? Ду сол боз рӯзноманигорон рафта савол медиҳанд: “Чаро коргарҳоро пеш кардед?”. Онҳо бошанд, мегӯянд: “Худашон корро тарк карданд”. Чӣ ҳам мепурсиданд? Мардум, ки ҳар рӯз фаъолияти телевизионро мебинанд. Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз ТВ-ҳои мо дар кадом сатҳ ҳастанду чӣ барнома доранд. Оддитарин бинанда баҳо дода метавонад, ки натанҳо Сафина, кулли ТВ-ҳои мо он чизеро, ки воқеан диданӣ бошад, надорад ва ё бошад ҳам, ками андар дар кам аст.
Ағлаби рӯзноманигорон аз нишасти матбуотии донишгоҳи бонуфуз ва дар навбати худ калонтарин — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нигаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки зимни баргузории нишасти ин муассиса аз ВАО-и хусусӣ ягон нафарро даъват накарда, танҳо ҳамонҳое рафта будаанд, ки дар донишгоҳ мехонанд. Яъне, танҳо рӯзноманигороне даъват шудаанд, ки дар донишгоҳ донишҷӯянд ё магистрант ва ё аспирант. Як рӯзноманигори ҷавон чунин ҳам гуфт, ки дар нишаст аз ректори донишгоҳ талаб шуд, ки таманниёти худро ба донишҷӯён ба унвони на як роҳбар, балки як олиму донишманд расонад. Ё нафари дигар аз ӯ сутуда, гуфтааст, ки “Шумо бисёр шахси пуртоқат ва кордон ҳастед, ман ҳеҷ саволе ба Шумо надорам, танҳо инро гуфтан хостам, ки ин қадар меҳрубонона ба ҳама гуна саволҳои мо посух медиҳед”. Дақиқан, вақте ки роҳбар аст, бояд посух диҳад, бе ягон миннатдории дигарон. Чун ин вазифаи ӯ мебошад. Ректор зимни хондани ҳисоботи солона гуфтааст, ки: “Бо фармони сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф санҷиши сифати таҳсилот гузаронида шуд ва сатҳи азхудкунӣ 70,4%-ро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи се сол қабл 3,1% баланд буда, аз сол то сол зиёд шудани сатҳи сифати таҳсилот дар донишгоҳ дарак медиҳад”. Аммо як нафар рӯзноманигор ҳушдор додааст, ки “аспирантеро медонем, ки ҳатто намедонад ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар куҷоянд”. Ана ин аз 3,1%-и зиёд шудани сифати таълим дарак медиҳад…
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати кишвар низ ҳамчун як сохтори алоҳида ҳамасола нишасти хабарӣ баргузор мекунад. Аз он ҷо, ки маълум аст, ин ниҳод бояд дар нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо, сохтани биноҳо, ба талабот ҷавобгӯ будан ё набудани онҳо ва умуман масъалаҳои сохтмонӣ сарукор дорад. Нишасти ин ниҳод ба гунае хеле хандаовар гузашт. Журналистон “тут” гӯянд, роҳбарият “бед” мешунаванд. Масалан, барои кадоме аз мо муҳим аст, ки мегӯянд: “Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи Нақшаҳои генералии 39 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуруи Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд”. Мардум аз сатҳу сифати биноҳои навсохта дарак доранд, ки дар кадом сатҳ аст. Ин нақшаҳои генералӣ ба кадом сокин лозим? Ду бинои баландошёнаи назди Филармонияи давлатӣ чунон фарсуда ба чашм мерасанд, ки гӯё се аср боз таъмирро надидаанд. Як тирезааш сурх, дигар сабзу дигар зард… ва дигар шикастагии тамоман нест. Ё биноҳои истиқоматии солҳои 60-уми асри гузашта барои чӣ дар тафовут бо биноҳои навсохта нархгузорӣ карда намешаванд?
Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, дар соли ҷорӣ аз ҷониби онҳо дар 1186 бино 3119 санҷиш гузаронида шуда, 3825 камбудӣ ошкор карда шудааст. Шояд гузаронида бошанд, аммо ба замин яксон карда, азнавсозӣ намуданд? Дақиқан, ки не. Баъди чанд вақт мисли бинои “Шарқи озод” як қисмашон ба замин меафтад, он вақт мегӯянд, ки “бино сохтмонаш нопурра ба истифода дода шудааст”.
Агентии хоҷагии ҷангал яке аз сохторҳои муҳим баҳри нигаҳдории ҳайвоноту дарахтон ва дигар мавҷудоти табиат мебошад. Нишасти матбуотӣ доир кардани ин ниҳод низ аз рӯи чӣ қадар муҳим буданаш, зарур мебошад. Имсол ҳангоми нишасти ин ниҳод, аз сабаби ҳозир набудани роҳбари аввал, муовин тақрибан ним соат ҳисоботи солонаро ба намояндагони ВАО хондааст. Ин ҳам дар сурате, ки ҳамаи маъулмотҳои ӯ мехонда дар дасти ҳозирин будааст ва ҳама медонанд, ки ин як шакли вақтгузаронӣ мебошад. Дар варақаи итилоотӣ омадааст, ки: “… барои бунёди ҷойҳои нави корӣ дар системаи хоҷагии ҷангал ба тариқи шартнома то 7000 нафар шаҳрвандон ҳамчун коргари мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Маоши миёнаи кормандони соҳа 475 сомониро ташкил намудаст…”. Яъне ин бозгӯ мекунад, ки аз ҳисоби шаҳрвандони оддӣ Агентӣ дар рустоҳо низ коргари мавсимӣ дорад, ки 475 сомонӣ маош мегиранд. Дақиқан ғалат аст ва ин дар ҳеҷ куҷо нест. Аз он ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар чунин як замони бекорӣ ба дилхоҳ нафар 475 сомонӣ маош диҳанд, тамоми кӯшиши худро баҳри нигоҳубини ҷангал равона месозад. Ва инро аз гуфтаи худи муовини аввали директори Агентӣ хулоса карда мумкин аст, ки гуфта буд: “Шумораи буриши дарахтон ва шикори ҳайвонот вақтҳои охир афзуда истодааст. Сабаби аслии он дар ҳамкорӣ накардани мардум ва маоши пасти кормандони Агентист”.
Дар умум, чанд ниҳоде буданд, ки нишастҳои худро дар ҳамон шакле, ки бояд гузаранд, гузарониданд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, «Тоҷикстандарт», Кумитаи оид ба корҳои дин, танзим ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз ҷумлаи онҳост. Ин аз он дарак медиҳад, ки ин ниҳодҳо вазифаҳои дар наздашон бударо бе чуну чаро иҷро намуда, кормандони он дар кори худ содиқ мебошанд. Барои ибрати дигар ниҳодҳо намунаи хубе ҳастанд онҳо.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/jomea/13081-tut-va-bed-i-nishast-oi-matbuot.html