Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар мегӯяд, дар соли 2016 барои риоя нагардидани муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 59 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 45660 сомонӣ таъин гардидааст, ки аз ин ҳисоб 37060 сомонӣ ба фоидаи давлат руёнида шудааст.
Номбурда имрӯз, 30-юми январ дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, кумита «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» таҳия намуда, гуруҳи корӣ ташкил намудааст.
-Аз ҷониби гуруҳи корӣ танҳо дар соли 2016 78 адад номгузории ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди новоҳии Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, инчунин, ҷамоати деҳоти Росияи ноҳияи Рудакӣ мавриди санҷиш дода шуд. Зимни санҷишҳо дар ноҳияҳои пойтахт 60 санади огоҳии хаттӣ, 18 огоҳии шифоҳӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ 24 санади огоҳии хаттӣ, Шоҳмансур 10 огоҳии хаттӣ, Фирдавсӣ 14 огоҳии хаттӣ, 3 машварат, Сино 10 адад огоҳии хаттӣ ва 3 шифоҳӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 4 санади огоҳии хаттӣ ва 2 шифоҳӣ тартиб дода шуд, ки ҳамагӣ 78 нуқтаро дарбар мегирад,-мегӯяд Шарофзода.
Масъулини ин ниҳод иброз медоранд, ки гуруҳи корӣ аз 4-ум то 29-уми августи соли 2016 шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишии Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи ВМКБ-ро низ мавриди санҷиш қарор додаанд.
Дар рафти ин санҷишҳо маълум гардидааст, ки барои кормандони шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳои ин вилоят марказҳои омӯзиши забони давлатӣ, курсҳои омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои дигар ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ташкил карда нашудааст.
Вале Гаҳвар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти кишвар дар мавриди ҷаримаи журналистон ва расонаҳои алоҳида чизе нагуфт.
Ин дар ҳолест, ки номбурда қаблан дар нишасти матбуотии нимсолаи ниҳодаш гуфта буд, барои тоза намудани забони тоҷикӣ аз вожаву ибораҳои бегона пеш аз ҳама рӯзноманигорон ва расонаҳоро ҷарима хоҳанд кард.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар он изҳороташ на аз истифодаи калимаҳои русӣ, балки аз калимаҳое нигаронӣ кард, ки ҳанӯз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик кор бурдааст.
Шарофзода 1-уми август дар ин нишасти хабарӣ гуфт, бархе аз шаҳрвандон, ки забони тозаи тоҷикиро хуб медонанд, барои фаҳмидани маънои калимаҳои ба монанди “ҳаводис”, “инфиҷор” ва “мутамаркиз”ба ин ниҳод муроҷиат мекунанд.
Ба гуфтаи Шарофзода: “Кампири 80-сола дигар луғат намехонад. Вай муроҷиат мекунад, ки ин чӣ гап аст? Ин чӣ гуфта истодаанд, ки дар яке аз вулусволиҳои Афғонистон боз инфиҷор шуд. Ҳамон “таркиш” аст, охир”. “Ҳаводис” яке дигар аз калимаҳоест, ки истифодаи он нигаронии Гавҳар Шарофзодаро ба вуҷуд овардааст: “Ҳамон “ҳодиса” ё “ҳодисаҳо” гӯему равем.Ин фикри ман аст”.
Тибқи иттилои Кумитаи забон ва истилоҳот, барои риоя накардани меъёри забони давлатӣ аз 15 то 20 нишондиҳанда ва шахсони ҳуқуқӣ аз 30 то 40 нишондиҳанда ҷарима хоҳанд шуд.