Шумори рӯзноманигороне, ки дар саросари дунё зиндонӣ шуданд, дар соли ҷорӣ ба сатҳи рекордӣ расидааст. Ин нукта дар пажӯҳиши нави Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон зикр шудааст.
Тавре дар сомонаи созмон омадааст, Туркия дар ҳабси рӯзномангорон мақоми аввалро соҳиб аст. Бино бар вазъ то 1 декабри соил 2016 шумори рӯзноманигорони зиндонӣ дар саросари дунё ба 259 нафар расидааст.
Дар Туркия ҳадди ақал 81 рӯзноманигор зиндонист, ки ин адад болотарин нишондод унвон мешавад. Ҳамаи рӯзноманигорони турк ба фаъолиятҳои зиддидавлатӣ айбдор мешаванд. Чин, ки аз рӯи шумори рӯзноманигорони зиндонӣ дар солҳои 2014 ва 2015 мақоми аввалро соҳиб буд, акнун дар ҷои дувум қарор дорад. Дар ин кишвар 38 рӯзноманигор дар зиндон аст.
Мисру Эритреяву Эфиопия мақомҳои севум, чаҳорум ва панҷумро ишғол кардаанд. Аз се ду ҳиссаи рӯзноманигорони зиндонии дунё дар маҳбасҳои ин мамолик ба сар мебаранд.
«Рӯзноманигорон ба ҷамъоварӣ ва паҳн кардани иттилоъ машғуланд, ки бо ин роҳ хидмати ҷомеаро адо мекунанд ва ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигоронро қонунҳои байналхалқӣ кафолат додааст. Аз ҳамин хотир мо ҳаяҷонзадаем, ки ин қадар ҳукуматҳои зиёд уҳдадориҳои байналхалқиашонро поймол карда, рӯзноманигоронро зиндонӣ мекунанд ва садди роҳи танқид мешаванд», — омадааст дар сомона.
Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон созмони иҷтимоист, ки аз озодии баён дар саросари дунё ҳимоят мекунад.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12541-soli-rekordii-absi-r-znomanigoron.html