«СОМОНА ДОШТАН НАМЕХОҲАНД, ЧАРО?»

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Зокир Ҳасан — СОМОНА ДОШТАН НАМЕХОҲАНД, ЧАРО?

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=26151

http://taj.nansmit.tj/somona-doshtan-namexo%D2%B3and-charo-2/

Ба ин ном мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мақолаи навиштаи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Зокир Ҳасанро, ки  19 сентябри соли 2016 дар ин нашрия ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати чораҷӯӣ ва ислоҳи камбудиҳои дар он дарҷгардида дастраси масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо гардонид. Ҳамзамон раванди ислоҳи камбудиҳои ҷой-дошта зери назорат қарор гирифта, дар самти таъсис ва фаъолгардонии сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.

М. ХИДИРЗОДА, 

муовини раиси вилояти Хатлон

***

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мақолаи Зокир Ҳасан — «Сомона доштан намехоҳанд, ча-ро?», ки 13.10.2016 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шуда буд, дар ҷаласаи назди раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дод.

Муаллиф дар маводи худ изҳор доштааст, ки стратегияи давлатии технологиҳои иттилоотию коммуникатси-онӣ барои рушди Тоҷикистон амалӣ нашуда, шаҳру ноҳияҳо сомона надоранд.

То моҳи январи соли 2016 компютерҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб пурра бо интернет пайваст, сомонаи шаҳр низ фаъол буд. Бинобар сабаби мушкили молиявӣ соли ҷорӣ сомонаи шаҳр фаъолият накард.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки бо пайдо шудани им-коноти молиявӣ соли 2017 сомонаро фаъол гардонад.

К. МАҶИДЗОДА, муовини раиси шаҳри Кӯлоб

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=27013

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *