Боз як рӯзноманигор даргузашт

Раҳим Рафеъзод, собиқ хабарнигори минтақавии “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Садои мардум” ва “Ҷумҳурият” шаби 2 ноябри соли равон аз дунё даргузашт.

Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Раҷаби Мирзо дар саҳфаи фейсбкуиаш иттилоъ медиҳад.

“Рафеъзод аз ҷумлаи қаламкашони бисёр хуб буд, ки аввал дар «Мубориз»- и ноҳияи Восеъ менавишт, ҳарчанд касбаш омзгорист. Дар нашрияҳои марказӣ низ матолибаш ба нашр мерасиданд. Солҳои ахир хабарнигори минтақавии «Ҷавонони Тоҷикистон», » Садои мардум» буд ва барои нашрияҳои дигар низ менавишт. Носири хушсалиқа ҳам буд. Инсонгарии тасхиркунанда дошт…”,-менависад Раҷаби Мирзо.

Дар идома ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, Раҳим Рафеъзод чанд соли ахир аз дарди дил ранҷ мебурд, дар Ҳиндустон ҷарроҳӣ низ кард, аммо дигар чизе кумакаш нанамуд. Аҷал дасту панҷаи сахттар дошт…

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ сурат мегирад.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12215-boz-yak-r-znomanigor-darguzasht.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *