Хуршед Мавлонов, хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», ки дастпарвари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мебошад, чанде пеш бо ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ аз сӯи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17-уми октябри соли ҷорӣ маросими супоридани ҷоизаҳо ба рӯзноманигорон барои соли 2015 баргузор гардид.
Ҷоизаҳо аз рӯи номинатсия барои силсилаи гузоришҳои радиоӣ, телевизионӣ, маводҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва матбуотӣ муайян карда шудаанд.
Ҳамин тавр, дар бахши радио ба маҳрум Шарифи Мирсаидзод, дар бахши телевизион ба Исматуллоҳи Азиз, сардабири барномаҳои таҳлилии “Ҷаҳоннамо” ва дар бахши илм ба Шариф Муллоев, мудири кафедраи матбуоти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҷоизаи Лоҳутӣ тақдим гардид.
Дар бахши матбуот бошад чор нафар Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон”, Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, муҳаррири “Чархи гардун” ва Абдулмаҷид Бобоҷонову Ҳасан Юсуфи Файзбахш соҳиби ҷоиза гардиданд.
Инчунин ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ки ба рӯзноманигорони ҷавон пешбинӣ шудааст, ба ду рӯзноманигори ҷавон, Хуршед Мавлонов ва Гулбаҳор Маҳкамова тақдим гардид.
Аҳли Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршед Мавлоновро барои ба даст овардани ин ҷоиза аз самими қалб шодбош намуда, барояш бурдбориву комёбӣ таманно доранд.