Минбаъд иҷозати хуруҷ аз кишварро ба хизматчиёни давлатӣ танҳо Дастгоҳи Президент медиҳад

Ҳаққи хориҷ шудан аз Тоҷикистонро барои хизматчиёни давлатӣ минбаъд танҳо  Дастгоҳи иҷроияи Президент хоҳад дод.

Барои сафар ба хориҷи кишвар, минбаъд хизматчиёни давлатӣ, мансабдорон, намояндагони мақомоти қудратӣ, дипломатҳо, ҳарбиён, олимон, табибон, журналистон ва намояндагони сохторҳои дигари давлатӣ бояд иҷозатномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро ба даст оварда бошанд.

Бино ба маълуоти дарёфтӣ, ин тасмим дар бар асоси як дастури раҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Дастури мазкур ба роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ иррсол шуда, аз онҳо тақозо шудааст, ки сафари кормандонашонро ба хориҷи мамлакат ба дастури мазкур мувофиқа кунанд.

Барои сафари хизматчиёни давлатӣ бояд 5 рӯз пеш аз сафар ба хориҷи мамлакат ба Дастгоҳи иҷроия ба таври хаттӣ муроҷиати карда, танҳо баъд аз дарёфти имзои иҷозатдиҳандаи хуруҷ аз қаламрави кишвар тараддуди сафар кунанд.

Қаблан, то ин дастур, хизматчиёни давлатӣ, ки бо сафари хидматӣ қаламрави кишварро тарк мекарданд, бояд ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷиистон муроҷиат мекарданд ва танҳо дар бораи сафарашон ба хориҷи мамлакат Раёсати консулии ВКХ-ро огоҳ мекарданд.

Аммо акнун ин талабот лағв шуда, хизматчиёни давлатиро мебояд иҷозати сафарро танҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дастрас кунанд. Дар ҳолати дарёфт накардани имзои иҷозатдишандаи сафар ба хориҷи мамлакат хизматчиёни давлатӣ, аз он ҷумла мансабдорони тоҷик наметавонанд қаламрави кишварро тарк кунанд.

Низоми монанди хуруҷ аз кишварро нафароне, ки дар солҳои 60-80-и асри гузашта дар Иттифоқи Шӯравӣ зистаанд медонанд.

Дар он солҳо, ҳарчанд хоҳиши шаҳрвандони Шӯравӣ барои тарки ҳудуди кишвар қонунан ҷиноят ҳисоб намешуд, аммо  ҳукуматҳо ин тасмимро ба “хиёнат” баробар медонистанд.

Ҷараёни пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои баррасии ариза дар бораи хориҷ шудан аз қаламрави Шӯравӣ, муҷиби расмиёти зиёд буд, ки сафари хориҷи кишварро ба мушкили сангин табдил медод.

Ин низом то соли 1973, замони имзо шудани Муоҳадаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон аз ҷониби Иттиҳоди Шуравӣ идома дошт.

http://www.tojnews.tj/tj/news/minbad-ichozati-huruch-az-kishvarro-ba-hizmatchiyoni-davlati-tankho-dastgokhi-prezident

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *