Анҷумани ВАО-и мустақил ба журналисти латукӯбшуда кумак мекунад

Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон барои кумаки ҳуқуқӣ ба журналисти латукӯбшудаи Маркази тадқиқоти журналистӣ изҳори омодагӣ кард.

Нуриддин Қаршибоев, раиси ин созмони журналистӣ 20 сентябр гуфт, созмонаш тасмим гирифтааст, бо ҷабрдида вохӯрда, дар таҳия ва амалӣ намудани стратегияи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои журналист кумак расонад.

Ин созмон ҳодисаи латукӯби журналистро шадидан маҳкум кард ва аз ҷомеаи рӯзноманигорӣ тақозо намуд, ки аз Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкори аслии ин қазияро талаб кунанд.

Доро Суҳробӣ, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон 18-уми сентябри соли ҷорӣ мавриди латукӯби кормандони милиса дар маҳаллаи “Гипрозем”-и пойтахт

http://www.tojnews.tj/tj/news/anchumani-vao-i-mustakil-ba-zhurnalisti-latukubshuda-kumak-mekunad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *