Гавҳар Шарофзода, роҳбари Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар мегӯяд, дар оянда тасмим доранд журналистони телевизионӣ, радиоӣ ва дигар рӯзноманигорони матбуотро, ки дар гуфтору навишторашон калимаҳои бегонаро истифода мебаранд, ҷарима кунанд.
Номбурда имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳодаш бо нигаронӣ ин нуктаро зикр намуда, гуфт, ки вақтҳои охир рӯзноманигорон истилоҳҳои «инфиҷор», «ҳаводис», «муташанниҷ», «муттамарказ» ва ба монанди ин истилоҳҳоро истифода мебаранд, ки барои аксарияти мардум нофаҳмост.
— Бояд мо калимаву ибораҳоеро истифода намоем, ки барои ҳама шаҳрвандон, хусусан мӯйсафеду кампирҳои деҳот, ки имкони истифода бурдани китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва фаҳмидани маънои онро надоранд, фаҳмо бошанд,-илова намуд Г. Шарофзода.
Ин нигаронии Шарофзода дар ҳолест, ки баъзе аз рӯзноманигорон дар гуфтору навиштаҳои худ бо тақлид аз калимаву истилоҳҳои забони бегона бештар истифода мебаранд, ки хоси меъёри забони адабии тоҷикӣ нест.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11551-sharofzoda-r-znomanigoron-arima-kho-and-shud.html