Куҳансолтарин журналисти русзабон дар Тоҷикистон аз олам гузашт

Галина Дзутсева, журналист ва муҳаррири нашрияи русзабони “Бизнес ва политика” дар синни 72 солагӣ аз олам даргузашт.

Бино ба иттилои наздикони марҳум, журналисти шинохта баъди ширкат дар ду нишасти матбуотии рӯзи ҷумъа, шабона дар хонааш, сари мизи корӣ аз сактаи қалб дар синни 72-солагӣ олами фониро падруд гуфтааст.

Галина Дзутсева аз куҳансолтарин журналистони русзабони Тоҷикистон буда, дар расонаҳои гуногун, аз ҷумла “Вечерний Душанбе”, “Трибун.тҷ”, “Вечерка” ва ғайраҳо кор кардааст.

Галина Дзутсева як муддат бо хадамоти мониторинги Ожонсии TojNews ҳамкорӣ доштааст.

Аҳли эҷоди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз даргузашти Галина Дзутсева сахт андуҳгин буда, ба наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд. 

 

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11496-ku-ansoltarin-zhurnalisti-ruszabon-dar-to-ikiston-az-olam-guzasht.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *