Нуқси барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон аз нигоҳи Эмомалӣ Раҳмон

Президент Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ғайриқаноатбахши шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон интиқод карда, чанд нуқси фаъолияти шабакаҳоро ном бурд.

1-уми март зимни ифтитоҳи шабакаҳои телевизионии “Варзиш”-у “Синамо” ва Академияи васоити ахмбори умум Президент дар суханрониаш гуфт, ки албатта, барномаҳои имрӯзаи телевизионро “бо намоишҳои панҷ — даҳ соли пеш муқоиса кунем, албатта, мебинем, ки сатҳи омода намудани барномаҳо ва касбияти коргардону журналистон беҳтар шудааст, вале хеле кам”.

Таъкид кард, ки “одоби касбии рӯзноманигорӣ, холисона баррасӣ намудани масъалаҳои дар ҷомеа рухдода, беғаразона инъикос намудани онҳо, симои зоҳирӣ ва риояи меъёрҳои ҷаҳонии соҳа бояд қатъиян риоя карда шавад”.

Ба гуфтаи Президент, “чунин ба назар мерасад, ки маҳсули тафаккури эҷодӣ, истеъдоди асили офарандагони ғизои маънавӣ барои тамошобин ва шунаванда ҳанӯз ҳам ба дараҷаи қонеъкунанда нест”.

Бо хитоб ба раҳбарони шабакаҳои телевизионӣ ва таҳиякунандагони барномаҳо чанд масъала ва нуқсҳоеро ном бурд:

“Аввалин нуқсе, ки дар барномаҳо мушоҳида мешавад, сифати пасти тасвиру навор мебошад, ки аз набудани наворбардорони касбӣ гувоҳӣ медиҳад. Борҳо ба роҳбарони Кумитаи телевизион ва радио ва дар суҳбатҳои алоҳида бо худи наворбардорон низ таъкид намудаам, ки аз болои худ кор кунед, ихтисос ва маҳорати касбии худро такмил диҳед, вале мутаассифона, ин масъала то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Ба сару либос ва ҳаракатҳои шахсони сабтшаванда, яъне онҳое, ки дар эфиранд, кам аҳаммият дода мешавад ва ин камбудӣ ҳатто дар вақти танзим низ бартараф намегардад. Камбудии сару либос, ҳаракатҳои ноҷо ё дигар ҳолатҳое, ки бояд рӯи навор набошанд, дар экран тез-тез ба мушоҳида мерасанд, ки ин боиси аз даст додани тамошобин, паст задани шаъну шарафи шахс ва костагии завқи зебоипарастии бинанда мегардад.

Бе омодагии пешакӣ барои таҳияи намоиш нишастани журналистон масъалаи аз ҳама асосӣ мебошад. Ин масъала низ борҳо гуфта шуда буд, вале ҳоло низ мебинем, ки як нафар имрӯз барномаи кишоварзӣ, фардо барномаи мусиқӣ, рӯзи дигар аз иқтисодиёти ҷаҳон ва бӯҳрони молиявӣ суҳбат мекунад”.

Президент пешниҳод кард, ки “ин камбудӣ агар аз нарасидани кадр бошад, пас бояд журналистон ҳанӯз аз курсии донишҷӯӣ ба тахассусҳои алоҳида ҷудо карда шуда, ба таври мақсаднок доир ба масъалаҳои иқтисодиву ҳуқуқӣ, ҳарбиву сиёсӣ, фарҳангу маориф ва дигар бахшҳо маълумоти кофӣ пайдо кунанд ва ҳангоми суҳбат аз умумигӯиҳое, ки мардум аз онҳо дилбазан мешаванд, худдорӣ намоянд”.

Камбудии дигаре, ки Президент аз он интиқод фаъолияти ровиёни телевизионҳо буд: “Камбудии дигаре, ки аз ҷониби ровиёни барномаҳо зуд – зуд ба назар мерасад, худнамоии бемаврид, худро ҳамадон вонамуд кардан ва риоя накардани маданияти суҳбат, бемаврид буридани сухани мусоҳиб, гӯш накардан ба суханони ҳамсуҳбат ва дар рафти барнома хотирпарешон нишастан аст, ки ин камбудии ҷиддии коргардонҳо низ мебошад.

Наттоқони барномаҳои иттилоотӣ аксар вақт гектарро аз садяк, миллиардро аз миллион, килоро аз тонна фарқ намекунанд, ки ин ибораҳо дар эфир борҳо садо додаанд. Номи шаҳрҳо ва минтақаву давлатҳои ҷаҳон аз забони наттоқони шабакаҳо хато, бо задаи бемаврид ва мантиқан нодуруст талаффуз мешаванд, ки ин аз надоштани касбияти гӯянда гувоҳӣ медиҳад”.

Ба андешаи Президент “дар барномаҳои иттилоотӣ низоми фаврият, яъне фавран расонидани хабар нест ва рӯйдодҳое, ки шабакаҳои ҷаҳонӣ соатҳо инъикос менамоянд, дар телевизионҳои мо баъди як шабонарӯз, ҳаҷман хеле кам инъикос мешаванд ва дар аксари мавридҳо матни тарҷумаи онҳо низ пурра фаҳмо нест, аз ин сабаб мардум иттилооти дақиқро аз дигар шабакаҳо меҷӯянд.

Набудани ғояи ягона ва мавзӯи дақиқ аз масъалаҳои дардноки барномаҳост, ки журналист атрофи якчанд мавзӯъ сарсарӣ омода мешаваду ба тамошобин чизе гуфта наметавонад. Ҳатто баъзан олимону академикҳоро сухан гуфтан намемонад.

Дар сатрҳои равон соатҳо хатоҳои имлоиву техникӣ меравад, вале касеро парвое нест.

Ороиши замонавии барномаҳо, интихоби мусиқии академӣ ва халқӣ, васфи рӯзгори ашхоси дар ҳақиқат сазовори эҳтироми ҷомеа ва чеҳраҳои замони соҳибистиқлолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва сару либоси ороставу зебои миллӣ хеле кам ба мушоҳида мерасад.

Аз муҳтавои баъзе барномаҳо ва таърифу тавсифи бемантиқи баъзе ашхос чунин хулоса мебарояд, ки гӯё дар фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ, хусусан дар маҳалҳо ягон камбудӣ нест.

Ҳол он, ки доир ба ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва иҷрои қонунҳо аз ҷониби сохтору мақомоти гуногун, аз ҷумла аз тарафи хизматчиёни давлатӣ беҳтарин маводу барномаҳои таҳлилӣ омода кардан мумкин аст”.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/nuksi-barnomakhoi-televizionkhoi-tochikiston-az-nigokhi-emomali-rakhmon

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *