анГушти шашУМ

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, муассиси нашрияҳои «Фараж», «Самак», «Ману Ту», сомонаҳои интернетииwww.faraj.tj, www.faraj.com.tj 23 феврал ёздаҳсола шуд.

Ғофил мабош, зи умр, ки чун киштии дар об истода менамояду чун тир меравад

(Масали халқӣ)

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, муассиси нашрияҳои «Фараж», «Самак», «Ману Ту», сомонаҳои интернетииwww.faraj.tj, www.faraj.com.tj 23 феврал ёздаҳсола шуд.

11 сол аввал ба назарам рӯзгори кӯтаҳе намуд… Чун гӯиё ҳамин дирӯзакак буд, ки орзу доштем то Маркази тадқиқоти журналистиро аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ бунёд гузорем.

Аммо вақте ба баъзе аксҳои солҳои гуногун назар андохтам, дарёфтам, ки чӣ рӯзҳое пушти сар шуда ва чӣ нафароне ба ин даргоҳ омадаву рафтаанд, ки гарчӣ аз баъзе варақ-варақ хотира дорам, лекин ростӣ ному насабу симои баъзеи онҳо аз ёдам рафта…

Ҳамеша гоҳо дӯстонаву гоҳо бо тундзабонӣ ишора мекарданд, ки аз рӯзи авали таъсисёбӣ то ба имрӯз тифоқтарин, муттаҳидтарин Хонавода, Хонаводаи мост, ки номаш Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аст! Хоҳ бовар кунед ё не, дар ин чанд соли ахири пур аз сангиниҳои рӯзгору даврони бӯҳронӣ ҳолатҳое буданд, ки кормандеро барои гирифтани маоши беҳтар ба даргоҳи дигар мегуселонидаму ӯ бо чашмони пурашк тарки коргоҳ кардан намехост…

Дар ин рӯз касе табрикам кард, зангам зад, паёмак фиристод, барои ӯ ҳам муборак бод, чун пайванди маънавие ба Марказ дорад. Оне ки бо сабабе ин сана аз ёдаш рафта, авроқи хотироташ зард мабод!

Аммо, ҳоло дар мавриди дигар чиз мехоҳам сӯҳбат кунам.

Тӯли ин ёздаҳ сол баъзе мақомоте буданд, ки мо, аҳли Марказ ҳарчанд кӯшидем барояшон ҳамчун ангушти шашум боқӣ мондем. Намедонам, чаро, эшон дар симои журналисте, ки камбудиеро мегӯяд, ҳамеша душманро мебинанд. Албатта, дар аксар ҳолат, ин тарзи муносибат ба шахси алоҳида вобаста аст, аммо вақте дар сохторе сафи ингунаҳо зиёд аст, гумони дигарро ба миён меорад. Бигирем мақомоти судиро: Ин аз камтарин сохторҳое аст, ки мекӯшад ба ҳама маводи танқидии мо ҷавоб диҳад, аммо чӣ гуна ҷавобе… Дар бисёр маврид судя ҳақ аст ва нависанда ноҳақ. Ё дунболи ягон мақолаи танқидӣ мо мавриди номеҳрубонии ин мақомот қарор мегирем: Гоҳ ғайриодилона ҳукми ҷаримаи нашрияеро мебароранд гоҳи дигаре дар мавриди қарори масхараомези баровардаашон мӯҳри хомӯшӣ ба лаб мезананд. Барои мисол, қазияи журналист Аминҷон Гулмуродзода: Ӯро судяе барои дар шашсолагӣ сохтани шаҳодатномаи таваллуди қалбакӣ ба муддати ду сол ҳабс кард ва вақте мо ноҳақ будани судяро ҳар сари вақт бо далелҳои қатъӣ рад мекунем, гӯё касе намешунавад, касе намехонад. Ба наздикӣ боз ба мавзӯи Аминҷон хоҳем баргашт, вале дар ин маврид гӯши фарёдшунаве нест! Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳам чунин аст: Ҳокимчаҳои маҳаллӣ натанҳо журналистонро писанд намекунанд, балки дар симои эшон душмани қаттолро мебинанд.

Боре собиқ раҳбари гурӯҳи эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Холиқназар Ҷумъаев чунин нақли аҷибе кард:

«Як сол ба ноҳияе аз тарафи Маркази тадқиқоти журналистӣ барои гузаронидани тадқиқоти муҳиме фиристода шудам. Баъд аз муаррифӣ маро дар Ҳукумат хеле хуб қабул карданд, бароям мошин ва ронанда ҷудо карданду ба ҳар куҷое лозим буд, бурда, бо шахсони зарурӣ вохӯрӣ ташкил намуданд. Ростӣ аз қабулу гусели раиси ноҳия ҳам хеле хушам омад ва ҳам дар ҳайрат мондам. Зеро раис худаш барои пеш бурдани тадқиқоти мо шахсан мусоидат мекард. Ҳатто дар меҳмонхона ҳам бароям барои ду шабонарӯз ҷой ҷудо карданд. Бегоҳ вақте ба ошхонаи меҳмонхона барои хӯрдани таом омадам, пешхизмат ба ман мизи алоҳидаеро нишон дода гуфт:

– Ин миз барои Шумо ҷудо карда шудааст. Пули се вақт хӯрокатон низ аллакай пардохт шудааст. Аз он ки рӯзноманигори тадқиқотчӣ дар ин ноҳия эҳтироми баланд доштааст, хеле хурсанд шудам, вале танҳо рӯзи гуселам фаҳмидам, ки онҳо Маркази тадқиқоти журналистиро бо Маркази тадқиқоти стратегӣ иштибоҳ кардаанд…. Вале дигар дер шуда буд».

Ин нақл худ гувоҳи ҳол аст, ки дар ноҳияҳо кормандони давлатиро чӣгуна истиқбол мегиранду рӯзноманигори мустақилро чӣ гуна. Ва тасаввур кунед дар ҳоле чунин рӯзу рӯзгор дорӣ, ба чунин муносибату ба ин душмантарошиҳо зинда ҳастӣ, ёздаҳ сол дар назарат чанд сол менамояд?

1100 солагӣ муборак, МТЖТ!

 

http://faraj.tj/editorial/12587-angushti-shashum.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *