Дар мизи мудавваре, ки имрӯз дар ДМТ дар мавзӯи «Нишастҳои матбуотӣ: муаммо ва пешомадҳо» доир гашт, устодони факултети журналистика эродҳо ва пешниҳодҳояшонро роҷеъ ба мавзӯъ иброз намуданд.
Дар ин мизи мудаввар пешниҳод гардид, ки бояд нишастҳои матбуотӣ дар толори Маркази ҷумҳуриявии матбуот гузаронида шаванд, то ҳама журналистон ва нафароне, ки ба журналистика қадам гузоштаанд, аз он бархурдор гарданд.
Дар ин нишаст устодони факултет профессор Мурод Муродӣ ва Сангин Гулов баромад намуда, аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки бештари вақт журналистон ба нишастхо бе тайёрӣ ворид гашта, суолҳое пешниҳод менамоянд, ки ба салоҳияти ин вазорату корхонаҳо умуман вобаста нестанд.
Қироншоҳ Шарифзода низ зимни баромадаш аз суолҳои бемавриди журналистон интиқод карда, пешниход намуд, ки бояд вазорату корхонаҳо варақаҳои матбуотиашонро як ҳафта қабл аз рӯзи баргузории нишаст дар сомонаҳояшон ҷой диҳанд, «зеро дар муддати як соате, ки барои нишастҳо ҷудо карда мешаванд, барои таҳлили фаъолияти вазорату корхонаҳо кофӣ нест».
Илова бар ин Ҷовид Муқим устоди дигари ин факултет доир ба нишастҳои матбуотӣ чунин пешниҳодҳоро ба миён гузошт: 1) Чун пешина дар 3 моҳ як маротиба гузаронида шаванд; 2) Иштироки роҳбари аввал бояд ҳатмӣ бошад; 3) Варақаҳои матбуотӣ бояд пештар ба журналистон пешниҳод карда шаванд.
Бояд гуфт, дар мизи мудаввар устодони факултети журналистика Саъди Маҳдӣ, Ҷовид Муқим, Мурод Муродӣ, Сангин Гулов, раиси Иттифоқи журналистон Зинатулло Исмоилзода ва ноиби ректори ДМТ оид ба илм Сафармуҳаммад Сафармаҳмадов иштирок намуданд.