Масъулини нашрияи «Боҷу хироҷ» -и кишвар хабар медиҳанд, ки имрӯз шумораи ҳазорумини нашрия ба табъ расидааст.
«Боҷу хироҷ» нашрияи Кумитаи андози кишвар буда, чандин сол аст, ки дар фазои матбуотоии кишвар арзи ҳастӣ мекунад.
Ин нашрия бештар роҷеъ ба масоили марбут ба андоз ва иқтисодиёт таваҷҷӯҳ карда, аз ҷумлаи нашрияҳои соҳавие ба шумор меравад, ки то кунун хонандагонашро аз даст надодааст.
Роҳбарии ин нашрияро Исматулло Ибод ба дӯш дорад.
Аҳли эҷодии Faraj.tj ба кулли қаламкашони «Боҷу хироҷ» нашри ҳазорумин шумораашонро муборак мегӯянд!
http://faraj.tj/news/12480-shumorai-1203azorumini-bo1207u-hiro1207-baromad.html