…на ҳар кӣ кӯлаҳ каҷ ниҳад, ойини сарварӣ донад…
Аслан, аз омадану рафтани мансабдорон шахсан ба ман суде набуду несту нахоҳад буд. Махсусан, дар ҳоле ки тағйироти солҳои охир аз рӯйи масали «аз иваз шудани ҷойи ҷамъшавандаҳо сумма тағйир намеёбад», амалӣ мегардад. Вале ҳолатҳое мешавад, ки рафтани як шахси барои ту чун рӯзноманигор писандтар ва омадани нафаре, ки бовар дорӣ ба мисли пешина нест, ҳузнеро дар дил бедор мекунад. Зеро ҳис мекунӣ, ки кори ту ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ бо ин шахси навомада душвортар хоҳад буд. Аз ин рӯ, яке аз омилҳои асосии таваҷҷӯҳи ҷомеаи журналистӣ ба тағйироти кадрӣ шояд ҳамин бошад,
Дар ин маврид масалҳои зиёде ҳам гуфтаанд. Оғоз аз масали русии «инсон курсиро зеб медиҳад на курси инсонро» то ба гуфтаи бузургони гузашта ба мисли «на ҳар кӣ кӯлаҳ каҷ ниҳад, ойини сарварӣ донад».
Дар тағйироти имсол, ки мо кайҳо «Дилзанак» ном кардаем (ба таваҷҷӯҳи ҳама мерасонам, ки ин вожа моли «Фараж» аз рӯзи пайдоишаш аст ва ҳар вақте касе истифода мебарад, ҳатман сарчашма зикр шавад! Х. А) ва ҳам дар «Дилзанак-2015» андешаю гуфтугузорҳо аслан сари ду нафаре буд, ки дӯсту душман чун раҳбар эътироф кардаю эҳтиром мекарданд. Дар соли 2015 бо ба синни нафақа расидан гуфтугӯйҳо сари Маҳмадсайид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе буд ва дар соли ҷорӣ аз рафтани Сайидамир Зуҳуров,- сардори Идораи сирри давлатӣ ба нафақа (номбурда ба синни 65 расид. Х. А) бисёриҳо дареғ хӯрданд.
(Маълум аст ки бо иловаю тағйирот ба Сарқонун Маҷлиси Миллӣ барҳам мехӯрад ва тақдири мансаби Убайдуллоев чун шаҳрдор ҳам маълум нест ва эҳтимоли бознишаста шуданаш ҳам ҳаст. Х.А)
Аммо, парадоксро бубинед: Ҳамин худи мо магар аз «кӯҳансол» будани Ҳукумат изҳори норизоӣ намекардем ва имрӯз бо «ҷавонтар» шудани он чаро афсӯс мехӯрем?
Барои мисол, имрӯз дар Фейсбук хондам, ки генерал Рустам Назарзода, раиси Оҷонсии зидди маводи мухаддир ба вазифаи дигар гузаштааст ва баъзе кормандони собиқи ин ниҳод дареғ хӯрдаанд. Ба ин маънӣ, ки шахси ҳирфавӣ аз ин вазифа рафт… Аммо, бубинед, ки замони тӯлоние, ки сари мансаб буд, кам мешуд дар ин маврид гӯем.
Аммо, ба эҳтимоли зиёд нав фаҳмида истодаем, ки «қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест» ва агар зарурате пеш ояд «як камон сад тирро дар хок пинҳон мекунад».
Намедонам, ин чӣ одати ҳаройинае аст, ки расм дорем то баъди аз дунё гузаштани шахсе, баъди аз сари мансаб рафтани нафаре баъд бигӯем, ки ҳайфу сад ҳайф! Шояд чунон хоксор ҳастем, ки ҳарфи ҳақ гуфтан дар бораашро хушомад меҳисобем?
Шояд бо алами ин «қадршиноси» — и пас аз марг бо ҳамсабақам Раҷаби Мирзо, ки сари баъзе масъалаҳои назари мухталиф дорем, пешниҳод кардам то рӯзномае таъсис диҳем барои …. мурдагон! Бале, ҳайрон нашавед, агар мақсад аз нашр пул кор кардан бошад, махсус барои мурдагон ва онро «Некролог» ном гузорем! Чунки Шумо, хонандаи ман имрӯз ба ду сомонию се сомонӣ нашрия намехаред, вале вақте наздикатон аз дунё гузашт ва ҷойи ӯро бо касе пур карда наметавонед, тайёред, ки баъди мурдан ба чӣ қимате бошад, рӯҳи вайро шод намоед! Ва бовар кунед, ин нашрия серпултарин дар Тоҷикистон хоҳад буд!
Ба қавли аллома Иқбол:
Чу рахти хеш барбастам аз ин хок,
Ҳама гуфтанд бо мо ошно буд.
Валекин кас надонист ин мусофир,
Чӣ гуфту бо кӣ гуфту аз куҷо буд!
Вале, шиори «каси ивазнашаванда нест» метавонад ҷойи панди «кадрҳо ҳама чизро ҳал мекунанд» — ро гирад?
Намедонам, интизор бояд шуд, ки тағйироти ахир чӣ паёмаде метавонад барои мо орад!
Ба пеш ҷавонон, майдон аз далер аст!