Аваз Юлдошев: Касе бо журналистон суҳбат надошт !

Баъд спикери парлумон Зуҳуров пешниҳод кард, ки назари журналистонро бигзор фаҳманд. Аз миёни журналистони парлумонӣ хабарнигори «Азия плюс» Аваз Юлдошев ба минбар даъват карда шуд.

Аваз Юлдошев: «Орумбекзода бо ягон рӯзноманигор ҳамсӯҳбат нашудааст ва лоиҳаро бо ягон кас мувофиқа накардааст, мо аз ин лоиҳа огоҳ нестем. Дар ягон давлати дунё барои рӯзноманигорон ин хел ҷазои сангин нест. Чунин лоиҳа дар берун аз Тоҷикистон обрӯи моро коста мегардонад».

Зуҳуров гуфт: «Мо ҳоло қонунро » нармтар» кардем. Мо Шумо, рӯзноманигоронро медонем, ки дили шумо ба давлату миллат месӯзад. Вале мо шуморо ҷазо доданӣ нестем, ягон чизи зиёдатӣ ва иловагӣ нест. Шумо фикр кардед, ки мо шуморо эхтиром намекунем? Не баръакс нафаре, ки ҳақиқатро менависад, ҳеҷ гоҳ на суд ва на дигар мақомот онро суд кардан наметавонанд».

 

http://faraj.tj/news/12333-avaz-yuldoshev-orumbekzoda-dur12631171-meg1263yad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *