26-уми январи соли равон нишастҳои матбуотии чор ниҳод бо ширкати раҳбариятҳояшон баргузор хоҳад шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотиашро дар толори худ баргузор мекунад.
Суроға: хиёбони Рӯдакӣ-107 а.
Оғоз: соати 09:00.
Агентии беҳдошти замин низ нишасти матбуотиашро дар толори худ доир мекунад.
Суроға: кӯчаи Шамсӣ 5/1.
Оғоз: соати 9:00.
Нишасти матбуотии ширкати “Тоҷик Эйр” дар толори ин ниҳод гузаронида мешавад.
Суроға: кӯчаи Мастонқулов-32/1.
Оғоз: соати 10:00.
Нишасти хабарии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор мекунад.
Оғоз: соати 11:00.