22-юми январи соли равон нишастҳои матбуотии чор ниҳод бо ширкати раҳбариятҳояшон баргузор хоҳад шуд.
Нишасти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар толори ин ниҳод баргузор мешавад.
Суроға: хиёбони Рӯдакӣ-44.
Оғоз: соати 09:00.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон низ нишасти хабариашро дар толори худ баргузор мекунад.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ-26.
Оғоз: соати 09:00.
Нишасти матбуотии Иттифоқи Тоҷикматлубот дар толори ин ниҳод воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-137 доир мешавад.
Оғоз: соати 09:00.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон нишасти матбуотиашро дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор мекунад.
Оғоз: соати 14:00.