Ҳафтаи дигар «ИмрӯзNews» нашр мешавад

Баъди он ки Васоити ахбори оммаи мустақил аз фаро расидани бӯҳрони молиявӣ дар расонаҳо изҳори ташвиш карданд, яку як бора ягона рӯзномаи мустақили кишвар «ИмрӯзNews» дар соли 2016 нашр нашуд. Баъзе инро ба қарзи корхона аз чопхонаҳо марбут медонистанд, баъзеи дигар ба мушкилоти идора дар масъалаи маош.

Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар сӯҳбати телефонӣ ба мо изҳор дошт, ки ду рӯз боз ба коргоҳ нарафтааст ва дар ин бора чизе намедонад.

Аммо тавре, Муним Оламов, директори тиҷоратии «ИмрӯзNews» дар сӯҳбат бо faraj.tj иброз намуд, бо сабабҳои мушкили молӣ ва қарзи чопхона рӯзнома аз аввали соли равон то ҳанӯз нашр нашудааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ин мушкилот бартараф гардидааст ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ҳафтаи оянда нашр хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки бунёдгузори аввалин рӯзномаи мустақил дар Тоҷикистон журналист Рустами Ҷонӣ аст, ки ба замми ин ба фаъолияти чанд радиёи хусусӣ асос гузоштааст.

 

http://faraj.tj/main/12186-1202aftai-digar-imr1263znews-nashr-meshavad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *