Зиннатуллоҳ Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб шуд

Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид.

16-уми январ дар Анҷумани XIV-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамаи вакилон ба тарафдорӣ аз номзадии ӯ овоз доданд.

Зиннатуллоҳ Исмоилзода, ҳоло раиси телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон, директори муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори умум”  ва раиси Ассосиатси дастраскунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ мебошад.

Ӯ 18-уми майи соли 1972 таваллуд шуда, соли 1994 факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло  хатм намудааст.

Фаъолияти журналистиаш ҳанўз замони донишҷўйӣ дар идораи барномаҳои иқтисодии Радиои Тоҷикистон оғоз гардидааст. Яке аз муаллифони барномаи таҳлиливу иқтисодии «Насими айём» буд.

Баъдан ба сифати сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисодӣ ва муовини директор дар шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон дифои вазифа намудааст. Муаллиф ва барандаи намоишҳои иқтисодии «Паҳно”, «Арса», «Хазина» буда, барои филми телевизионии «Бахти шўри Шўроб» соли 2003 сазовори Ҷоизаи ИЖТ ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ гардидааст.

Як муддат ҳамчун роҳбари дастгоҳи Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон кор кард. Соли 2006 телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон»-ро таъсис дод, ки аз 18 июни соли 2007 ба пахши барномаҳояш шурўъ кард.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/zinnatullokh-ismoilov-raisi-ittifoki-zhurnalistoni-tochikiston-intihob-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *