Кумита: Ба ноҳияҳои наздисарҳадӣ имтиёз медиҳем

Кумитаи телевизион ва радиои кишвар ба довталабоне, ки мехоҳанд дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ телевизион кушоянд, имтиёзи бештаре медиҳад.

Ин нуктаро Сӯҳроб Ализода, сардори бозрасии назорат дар соҳаи радио ва телевизион дар як сӯҳбати кӯтох зикр намуд. Ба таъкиди ӯ ба довталабоне, ки дар нохияҳои наздисарҳадӣ телевизион кушодан мехоҳанд, имтиёзи бештаре дода мешавад.

«Дар ин бора дастури кумитаи телевизион ва радиои назди хукумати Тоҷикистон ҳаст, ки барои пурра намудани фазои иттилоотӣ ба нохияхои наздисархадӣ имтиёзи бештаре дода шавад. Аммо ин нукта дар қонун вуҷуд надорад. Дар қонун гуфта нашудааст, ки имтиёз барои иҷозатнома гирифтан бештар бошад», — афзуд Ализода.

Инчунин ӯ қайд кард, ки то имрӯз 12 нафар барои таъсис намудани телевизион дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ дархост пешниҳод карданд.

 

http://faraj.tj/news/12107-kumita-ba-no1203iya1203oi-nazdisar1203ad1251-imtiez-medi1203em.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *