Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, барои муддате дар расонаҳову матбуот изҳори назар намекунад.
Ин фаъоли сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар тавзеҳи тасмими худ гуфтааст, касе ба ӯ фишор наоварда ва аз сари тарс ҳам ба ин натиҷа наомадааст, балки ба гуфтаи ӯ, » дигар харфе барои гуфтан намонда». Дар идома ӯ таъкид кардааст, ки шояд гоҳ-гоҳ барои матбуоти чизе бинависад, вале ҷиддан то замоне, ки чизе барои гуфтан пайдо нашавад, назаре нахоҳад гуфт:»Шояд гох гох барои матбуот матолибе нависам, аммо барои чанд муддат, то замоне, ки чизе барои гуфтану тахлил пайдо нашавад, хомуши бехтар аст»
Раҷаби Мирзо муассиси рӯзномаи пурсарасои «Рӯзи нав», ки аз нашр боздошта шуд ва узви фаъоли Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳам буд.
http://www.pressa.tj/article/sukuti-manodori-rachabi-mirzoba-rasonakho-digar-nazar-namedikham