Ҷасади Аброри Зоҳирро ба Қурғонтеппа мебаранд

Нависандаи тоҷик Аброри Зоҳир бегоҳии рӯзи якшанбе вафот кардааст.

Дар ин бора яке аз дӯстони марҳум Собир Султон ба Faraj.tj иттилоъ дода гуфт, бегоҳии рӯзи якшанбе Аброр Зоҳир дар утоқи корияш ҷон додааст.

Имрӯз ҷасади ӯро аз Душанбе ба Қурғонтеппа интиқол медиҳанд. Ба гуфти ҷаноби Собир Султон чандест, ки Аброр Зоҳир аз бемории қанд азият мекашидааст ва белохира ин беморӣ ӯро ба марг мубтало намудааст.

Аброр Зоҳир соли 1965-ум дар шаҳри Сарбанд ба дунё омадааст. Ў таълими ибтидоиро дар ҳамин шаҳр гирифта, соли 1987-ум факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Номбурда фаъолияти кориашро дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» шурӯъ намуда, пасон дар вазифаҳои гуногун, мудири шуъбаи илм ва фарҳанги ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», сармуҳаррири ҳафтавори «Ҷаҳони паём», Директори Телевизиони Тоҷикистон, Директори киностудияи «Тоҷикфилм», сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Марҳум аз соли 2012 то рӯзи вафот директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанберо ба уҳда дошт.

Аброр Зоҳир узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи киноматографистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Аз ӯ даҳ китоб, аз ҷумла 15 роман, 20 повест ва чандин филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ мерос мондааст.

 

http://faraj.tj/news/11525-1206asadi-abrori-zo1203ir-ba-1178ur1171onteppa-mebarand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *