Халилов Хуршед: Аз аптека бароед, вагарна…

Журналистони Faraj.tj ҳангоми фаъолияти касбиашон дар бозори «Фаровон» ба вокуниши шадиди доруфурӯши дорухонаи «Радуга» дучор шудаанд.

Дорухонаи «Радуга» низ мисли дигар дорухонахои муқаррарии шахри Душанбе ба фурӯши дору машғул аст. Он дар бозори «Фаровон» ҷойгир шудааст, вале вазъи санитариаш чандон хуб ба назар намерасад. Дорухона ба Халилов Хуршед, ёрдамчии фарматсевт марбут будааст.

Тасодуфан аз назди ин дорухона гузаштему ҳамкорамон чун ба дору ниёз дошт, хостем аз онҷо дору харидорӣ намоем. Аммо вориди дорухона шудан замон моро шароити он мушавваш гардонд. Аввал ин, ки дорухона умуман ба талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ набуд ва аз онҷо бӯйи намӣ ба машом мерасид. Дуввум, масоҳаташ хеле тангу растаҳояш пур аз чирку чанг буданд, мисле, ки моҳҳо касе онҷоро пок накардааст.

Ва вақте аз корманди онҷо Халилов Хуршед пурсидем, ки чаро ваъз чунин аст, ӯ дар посух хеле бо асабоният чунин ҷавоб дод: «Э журналистҳо, кори шумо ба аптекаи ман набошад.Мегум аз аптекаи ма хубӣ бароед, ин аптекаи маай. Намефаҳмед броед мегум, ба Худо броед, ки ҳоли ба шумо вазнин меғалтад дар ин ҷа. Маро аз вазорат гуфтанд, ки ягон журналист пурналист қате вообще гап назан, Холи ман нишонтон метем ба хуби бароед намефаҳмед а намефаҳмед..».

Вақте мо ба ӯ гуфтем, ки ӯ чаро бо мо чунин сард рафтор мекунад, сабабашро чунин баён кард: «аз ягон орган бошед дигарай, аммо журналист киай худуш вообще ман призновать намекунам ин типпи мардума.Бароед, ки дигар вазъията ҳоли ташкилтон мекным».

Ва замоне беруни дорухонаашро акс мегирифтем, қариб дастгоҳҳояи аксбардориро шикастанӣ буд.

Дорухона, ки яке аз ҷойҳои зарурии ҷомеа аст, агар дорои чунин шароити бад ва ғайриқаноатбахш буда, мисоли Хуршед Халилов коргар дошта бошад, пас вой ба ҳоли мардуми бемор..

 

http://faraj.tj/news/11283-halilov-hurshed-az-apteka-baroed-vagarna.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *