Хабаргузории Рейтер дар миёни беҳтарин аксҳои гирифтаи 300 аккоси 11 давлати пасошӯравӣ дар 15 соли охир 3 акси Нозим Қаландаровро низ ҷой додааст.
Гуфта мешавад, ки аз Тоҷикистон танҳо 3 акс дар ин миён ҷой дода шуда, он ҳам бошад, аксҳои гирифтаи Нозим Қаландаров мебошанд. Аксҳои гирифтаи Қаландаров, ки дар албоми 300-аксаи Рейтер ҷой гирифтаанд, ин «Зӯҳро ва шери бадҳайбат», «Гурӯҳи калони сокинон барои хариди асъори хориҷӣ «ва «Мусобиқаи бузкашӣ» мебошанд.
Дар ин миён байни мардум акси «Зӯҳро ва шери бадҳайбат» машҳур мебошад.Ин аксро дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ вохӯрдан мумкин аст. 20 январи соли 2011 ин акс дар Рейтерс акси рӯз шуд ва худи ҳамон сол акси сол эълон гардид.
Аксҳои гирифтаи Нозим Қаландаров бештар ба мавзӯҳои иҷтимои рабт доранд ва дар худ мӯҳтавои хабарӣ касб кардаанд.
Нозим Қаландаров соли 2005 ҳамчунин аккоси Президент низ фаъолият кардааст. Ӯ дар соли 2001 бо хабаргузории Ассошейтед Пресс ва аз соли 2004 бо оҷонсии Рейтерс ҳамкори мекардааст. Айни ҳол номбурда дар хабаргузории «Азия-Плюс» ба ҳайси аккос кору фаъолият дорад.
Нозим Қаландаров дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфтааст, ки бисёр мехоҳад, дар Тоҷикистон мактаби аккосӣ кушода шавад, зеро дар ин ихтисос мутахасисон хело кам мебошанд. Ба гуфтаи ӯ бо ба вуҷуд омадани ин мактаб дар оянда истеъдодҳои навро кашф кунанд ва аккосони ҳирфаиро ба миён оранд.
http://faraj.tj/news/11059-3-aksi-1178alandarov-dar-mieni-300-aksi-be1203tarin.html