Тақдири шабакаҳои мустақил баррасӣ мешавад

Бо мақсади баррасии масоили вобаста ба имконот ва пешомадҳои гузариш ба пахши рақамӣ ва тақдири шабакаҳои мустақили телевизионии кишвар Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ рӯзи 30 сентябри соли 2015 конференсияи ҷумҳуриявӣ доир менамояд.

Дар ин хусус аз ба Faraj.tj раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ Зинатулло Исмоилов хабар дода афзуд, ки конфронси мазкур пагоҳ соати 9 00 дар бинои Маркази таҳқиқоти стратегӣ доир хоҳад гашт.

Гуфта мешавад, дар кори ин чорабинии муҳим намояндагони ҳукумат, парлумон, Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти давлатии алоқа, ташкилоти журналистӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарони шабакаҳои мустақили радиоӣ ва телевизионии ҷумҳурӣ иштирок намуда, оид ба заминаҳои ҳуқуқиву меъёрии гузариш ба пахши рақамӣ, ҳолати техникии шабакаҳои мустақил, заминаҳои ҳавасмандии истеҳсолкунандагони ватанӣ барои истеҳсоли маводи баландсифати аудиовизуалӣ ва дигар масоили гузариш ба шакли нави пешниҳоди барномаҳо андешаҳояшонро баён месозанд.

-Дар охири чорабинӣ тавсияҳои конференсия ба Хукумати ҷумҳурӣ оид ба мушаххас сохтани сарнавишти шабакахои мустақили телевизионӣ ҷиҳати гузариш ба пахши рақамӣ пешниҳод мегарданд, — илова намуд манбаъ.

Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар доираи лоиҳаи Ассосиатсияи мазкур оид ба устувории шабакаҳои мустақили телевизионӣ ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ, ки бо мусоидати Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, доир мешавад.

Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ соли 2011 таъсис ёфта, 20 ташкилоти радиотелевизионии мустақили ҷумҳуриро муттаҳид месозад.

 

http://faraj.tj/news/10961-ta1179diri-shabaka1203oi-musta1179il-barras1251-meshavad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *