Агентӣ: «Россия-24» бояд раддия пахш кунад

Мақомоти Тоҷикистон аз шабакаи телевизионии «Россия-24» дархост намудааст, ки барои саҳв дар мавриди воқеаҳои охири рухдода дар Тоҷикистон раддия пахш намояд.

Ин шабака дар як гузориши телевизионӣ ба ҷои расми Абдуҳалим Назарзода акси Рустам Назарзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистонро нишон дода, ӯро ҳамчун «роҳбари гурӯҳи террористӣ» муаррифӣ намудааст.

Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар дода, меафзоянд, ки «мо медонем, дар ин гузориши телевизионӣ иштибоҳан акси генерал Рустам Назарзода намоиш дода шудааст. Танҳо мехоҳем, ки ин хатояшонро ислоҳкунанду эълон намоянд, ки хато шудааст».

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми сентябр шабакаи «Россия 24» дар як гузориши телевизиониаш дар бораи ҳодисаҳои рӯзи 4-уми сентябр ва генерали фирорӣ- Абдуҳалим Назарзода навореро пахш карда, ба ҷои Абдуҳалим Назарзода акси Рустам Назарзодаро нишон дод. Дар гузориш Назарзода ҳамчун генерали исёнгар ва раҳбари гурӯҳи террористӣ муаррифӣ шудааст, ки дар қатли кормандони мақомоти умури дохилии Тоҷикистон даст дорад.

 

http://faraj.tj/news/10712-agent1251-rossiya-24-boyad-raddiya-pahsh-kunad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *