Ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон аллакай аз санаи 6-уми сентябр муштариёни худро дигар бо хизматрасонии ирсоли паёмак ё худ SMS таъмин накарда истодаанд.
Операторони алоқаи мобилӣ сабабро «мушкилоти техникӣ» шарҳ дода, дар мавриди он, ки маҳдудият кай бартараф мешавад, чизе намегӯянд.
Дар ҳамин ҳол, муштариён сабаби асосии қатъ кардани хизматрасонии SMS-хабарҳоро дар рӯйдодҳои ахир мебинанд, ки дар дараи Ромит амалиёти мақомоти қудратӣ барои дастгир намудани аъзои гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи маълумоти расмӣ, 4-уми сентябр аъзои як гурӯҳи мусаллаҳ таҳти роҳбарии муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, генерал Aбдуҳалим Назарзода дар шаҳри Ваҳдат ба ШВКД ва ба дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе ҳамла карда буданд. А. Назарзода бо чанд тан аз ҷонибдоронаш раҳо шудаву ба дараи Ромит паноҳ бурдаанд.
http://faraj.tj/news/10691-shirkat1203oi-mobil1251-sms-paemakro-dastnoras-kardand.html