Дастрасӣ ба Одноклассники низ дар Тоҷикистон масдуд шуд

Аз 4-уми сентябр дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” аз ҷониби бархе ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистон масдуд шуд.

Бино ба гуфтаи як манбаъ аз Хадамоти алоқа, ин шабакаи иҷтимоӣ бо дастури Хадамот баста шудаас ва дақиқ нест, ки кай боз мешавад. Эҳтимол меравад, ки сомонаи мазкурро дар пайи ҳодисаҳои тирпарронӣ дар Душаневу Ваҳдат масдуд карда бошанд.

1-уми сентябр бархе аз ширкатҳои интернетрасон дастрасӣ ба сомонаи “Радиои Озодӣ”-ро дар Тоҷикистон масдуд карда буданд, ки сабаби онро гузарондани корҳои профлактикӣ номиданд.

Аз 25-уми август инҷониб дар Тоҷикистон ба воситаи бархе ширкатҳои интернетрасон дастрасӣ ба сомонаи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва видеопортали Ютюб масдуд аст.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/dastrasi-ba-odnoklassniki-niz-dar-tochikiston-masdud-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *