Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии Иттифоқи журналистони кишвар дар робита ба даргузашти Акбари Саттор, рӯзноманигор ва раҳбари ин иттифоқҳамдардӣ баён кардааст.
Дар номаи сафири Эрон аз ҷумла омадааст, ки «даргузашти ҷаноби Акбари Саттор — раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ба наздикон ва ҳамкорони марҳум тасаллият гуфта, барои марҳум мағфират ва раҳмати илоҳию ба бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем».
Ёдовар мешавем, ки раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зуҳри 28-уми августи соли равон аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ субҳи 29-уми август дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор — зодгоҳаш баргузор шуд.