Журналист Акбари Саттор дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт

Журналист Акбари Саттор, раиси Иттифоки журналистон аз олам даргузашт.

Ба гуфтаи пайвандони марҳум, бегоҳи имрӯз, 28-уми август тақрибан соатҳои 16:00 аз дунё даргузаштааст.

Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон даргузашти Акбари Сатторро талафоти бузург барои соҳа арзёбӣ мекунад. Замоне, ки ҳама саргарми ёфтани як бурда нон буданду фикри раҳоӣ аз гураснагӣ дар сар мепарвариданд, вай дар андешаи он шуд, ки чӣ гуна мардуми дурафтода аз маърифатро бори дигар ба мутолиаи рӯзномаву маҷалла баргардонад. Ва муваффақ ҳам шуд, ҳарчанд барои ин лозим омад хеле заҳмат кашад, як бахши азими дороиҳои худро сарф кунад.

Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) 10-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Мортепаи ноҳияи Ҳисор дида ба олам боз кардааст. Соли 1982 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 25-и ноҳияи Ҳисор ба тавсияи устоди мактаб ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин дохил шудааст. Аз миёни таҳсил ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, аз моҳи июни соли 1983 то моҳи июли соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хизмати аскарӣ кардаву баъди бозгашт ба таҳсили худ идома додааст.

Аммо сар аз соли сеюм, аниқтараш аз соли 1987 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санк-Петербург) таҳсил намуда, соли 1990 онро хатм кард.

Фаъолияти меҳнатиашро аз рӯзномаи он замон машҳури “Тоҷикистони Советӣ” оғоз мекунад. Баъди ҳамагӣ чор моҳ ба рӯзномаи “Садои мардум” гузаштаву аз моҳи ноябри соли 1990 то ноябри соли 1994 хабарнигор, мудири шуъбаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ ва ҳуқуқи ин рӯзнома буд.

Пешаи рӯзноманигорӣ дар он замони пур аз ҷангуҷӯш муносиб наёмад ва ҳатто хатарнок ҳам буд. Аз сӯи дигар иддае дар сар задани ҷанги дохилӣ матбуот ва журналистонро муқассир медонистанд.  Ин буд, ки ӯ муддате ба кори тиҷорат машғул шуд. Аз хориҷ мол меовард ва дар дохил мефурӯхт.

Бо гузашти ҳудудан ду сол бори дигар ба журналистика рӯ овард. Вале на дари “Ҷумҳурият”-ро куфт ва на ба идораи “Садои мардум” рафт. Вақте тасмим гирифт ба пешаи худ бармегардад, дар сар андешаи таъсиси нашрияи мустақил ва хусусиро дошт. Ва боз дар чунин замоне!

Вале аз роҳаш нагашт ва дере нагузашта “Дайджест пресс”-ро таъсис дод ва дар он матолиби чопшуда дар нашрияҳои русии Маскавро бозчоп мекард ва бо иловаи гӯшаву саҳифаҳои рекламавӣ ба фурӯш мебаровард. Бо ин васила чанд  нафар аз ҷумлаи журналистони кишварро бо ҷойи кор таъмин кард, илова ба ин афроде, ки аз бекорӣ  дар он солҳо намедонистанд худро андармони чӣ коре кунанд, ки бурдаи нони беминнат ёбанд, аз фурӯши “Дайджест пресс” қут меёфтанд.

Тадриҷан заминаи таъсиси рӯзномаи тоҷикии “Чархи гардун” низ фароҳам омад ва 25-уми апрели соли 1996 аввалин шумораи он аз чоп баромад. “Чархи гардун” журналистони зиёдеро, ки бекору парешон ва аз нобасомонии замона дар ранҷҳои руҳӣ андармон буданд, дубора гирд овард, умедро дар умқи синаи онҳо фурӯзон кард. Яъне, мегуфт, ки ҳақиқат намемирад, то даме инсон нафас мекашад, умед ҳам зинда аст. Ва ӯ тадриҷан мактаби журналистикаи худро поягузорӣ кард, ки имрӯз бидуни шак касе наметавонад ва ҳақ ҳам надорад бидуни омӯзиши мактаби журналистии Акбари Саттор таърихи журналистикаи муосирро бинвисад.

Аз сол ба соли дигар теъдоди нашрияҳои вай афзуданд. Аз 18 -уми ноябри соли 1994 то ба имрӯз директори генерали ҶДММ «Чархи Гардун» буд, ки илова ба ин ҳафтаномаи хонданӣ боз нашрияҳоеро аз қабили  “Вечерний Душанбе», “Авиценна”, “Дайджест пресс», “Аладдин” , “Анушервон”, “Зан ва мард”-ро зери як ливо ба ҳам овардааст.

Акбари Саттор замоне сарварии Иттиҳоди журналистонро ба уҳда гирифт, ки созмон дар ҳоли варшикастагӣ қарор дошт. Бо гузашти солҳо ва  бо талошҳои зиёд муваффақ шуд, ки он ба як ташкилоти пешрафта табдил шавад. Ва имрӯз дар ҳама рӯйдоди вобаста ба ҳаёти журналистӣ аз аввалинҳо шуда садои Акбари Саттор шунида мешуд.

Вай дар бораи имрӯзу фардои матбуоти кишвар зиёд меандешад ва илова ба тарҳрезиҳо дар нашрияҳои хусусиаш дар бораи озодии баёну андеша, нақши созандаи матбуот дар рушди кишвар, ҳифзи ҳуқуқи журналистон  муҳокимарониҳои ҷолиб дорад.

2- юми декабри соли 2013 дар як ҳамоиш бахшида ба натиҷаи таҳқиқоти дастовардҳои ВАО ва матбуоти Тоҷикистон Акбаралӣ Саттор иброз дошт, ки агар вазъ чунин идома кунад, ду сол баъд эҳтимол дорад дар кишвар матбуоти озод боқӣ намемонад. Вай гуфт зарурати он ба миён омадааст, ки намояндагони нашрияҳои мустақил бо ирсоли номае ба сардори давлат таваҷҷуҳи ӯро ба фишорҳо болои матбуот ва таъқиби журналистон ҷалб намоянд. Вай борҳо таъкид кардааст, ки  ВАО ин оинаи мамлакат аст ва фишору таъқиб обрӯи байналмилалии кишварро ба сифр баробар мекунад.

Акбари Саттор миёни ҷомеаи журналистии кишвар аз обруи вижа бархӯрдор аст. То ба имрӯз аз маъдуд сарваржурналистонест, ки дар борааш ҳарфи кажу нораво шунидаву гуфтаву навишта нашудааст.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/zhurnalist-akbari-sattor-dar-sinni-50-solagi-az-olam-darguzasht

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *