Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кардааст, ки вазорат дар бораи фаъолияти шашмоҳааш дар соли 2015 омода аст, ки бо хабарнигорон суолу ҷавоб кунад.
Бино ба навиштаи сомонаи расмии вазорат, 28-уми июли соли 2015, соати 14:00 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бахшида ба фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи соли 2015 баргузор хоҳад гашт.
Аз хабарнигорон даъват кардаанд, ки агар хоҳиши дар нишасти матбуотӣ иштирок карданро доранд, метавонанд дар ин бора ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ бо телефони 221-43-69 хабар диҳанд ё дархости худро ба нишонии электронии pressaccreditation@mfa.tj бифиристанд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба TojNews гуфтанд, ки дар нишаст вазир Сироҷиддин Аслов ширкат мекунад. Бори нахуст аст, ки баъди 2,5 соли вазир таъин шудани Аслов дар ин ниҳод Вазорати корҳои хориҷӣ омода аст, ки дар бораи фаъолияташ бо рӯзноманигорон сӯҳбат кунад.
Дар давоми 2,5 соли гузашта Аслов боре нишасти матбуотӣ барои хабарнигорони дохилӣ дар Тоҷикистон баргузор накардааст ва омода ҳам нашудааст, ки бо хабарнигорон сӯҳбат кунад.
http://tojnews.tj/tj/news/nahustin-nishasti-habarii-sirochiddin-aslov-badi-besh-az-2-soli-vaziri