Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 25 июли соли 2015 ба журналистон ҳисобот медиҳад.
Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод мегӯяд, нишасти матбуотии ин сохтор соати 09:00, дар толори Вазорати корҳои дохилӣ баргузор мегардад, ки вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи аввали соли 2015 вазири ВКД маълумот хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша бояд нишасти матбуотии ВКД 17 –уми июли соли равон баргузор мегашт, аммо аз сабаби он, ки 17 –уми июл ба рӯзи таҷлили Иди сиди фитр рост омад, ин рӯз ба 25 – уми июл тағйир ёфт.
http://faraj.tj/news/10079-ra1203imzoda-ramazon-ba-zhurnaliston-1203isobot-medi1203ad.html