Ҳукумати вилояти Хатлон барои роҳандозии телевизиони давлатии маҳаллӣ ба маблағи хориҷиҳо ниёз дорад.
Ин нуктаро Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабариаш изҳор дошт. Дар ин журналистон аз он нигаронӣ кардаанд, ки аз соли 2008 инҷониб телевизиони маҳаллии давлатии “ТВ Хатлон” дар бархе шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷумла дар Шаҳритус, Қабодиён, Носири Хусрав, Сарбанд, ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб сокинон тамошо карда наметавонанд.
Ба гуфтаи журналистон, сокинон бештар ба барномаҳои телевизионҳои ҳамсоякишварҳо авлавият медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки “ТВ Хатлон” 21 сол аст, ки пахш мешавад. Қаблан, 1,5 соат аз мавҷи телевизиони Тоҷикистон Шабакаи якум барномаҳояш пахш мешуд. Аз соли 2008 ба мавҷи мустақил баромад, ки тамоми вилоятро фаро намегирад.
Гулмаҳмадзода мегӯяд, барои ҳалли ин мушкил ба маблағи кам имкон надорад: “Ин ҷо гап сари 200, 300 ҳатто як миллион сомонӣ не, балки гап сари масрафи 10 -15 миллион доллари амрикоӣ меравад”. Ӯ ҳалли масъала танҳо дар навиштани лоиҳа ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ медонад.