Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон тарҳи пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуот ҷонибдорӣ карда, дар ҷаласаи Шӯрои парламент баррасӣ кардаанд.
Бино ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, 1-уми феврал дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонун “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро баррасӣ кардаанд.
Дар ҷаласа Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот гуфтааст, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади беҳтар кардани назорат оид ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва таъмину таҳкими амнияти иттилоотӣ таҳия ва пешниҳод шудааст. Дар ин ҷаласа гуфтаанд, ки дар Қонуни амалкунанда салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин мақомоти прокурорӣ ва судӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо ҳангоми қонуншиканиҳо ё дигар асосҳои ҳуқуқии қатъ гардонидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муайян карда нашудааст.
Тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур аз сӯи Ҳукумат пешниҳод шудааст, ки нигаронии созмонҳои журналистии кишварро ба бор овард.
Қаблан, 27-уми январ дар ҷаласаи васеи Кумита оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти парламент тарҳи мазкурро вакилон бо намояндагони шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи парламент, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, муовини сардори сарраёсати Вазорати адлия ва намояндаи Вазорати фарҳанг баррасӣ карда буданд. Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи парламент ҷонибдорӣ кардаанд.