Ҷоизаи Пайванд барои тадқиқоти фарҳангӣ

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи Пайванд Гулмуродзодаро барои беҳтарин тадқиқоти фарҳангӣ эълон кард.

Ин Ҷоиза барои қадрдонии журналистон, коршиносон, таҳлилгарон, адабиётшиносони Тоҷикистон, ки дар воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, новобаста аз шакли моликият, намуди ВАО фаъолият доранд, таъсис дода шудааст. Ҷоиза соле як маротиба дар чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан – 3-юми май ба як нафар тақдим мегардад.

Ҷоиза ба онҳое дода мешавад, ки тадқиқоти фарҳангие анҷом додаанд, ки дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро барои ҷомеа нишон додаанд.

Пешбарии номзадҳо барои дарёфти «Ҷоизаи ба номи Пайванд Гулмуродзода» ду ҳафта пеш аз чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан оғоз гардида, то 30 апрели соли 2017  идома меёбад. Номзадҳоро барои гирифтани «Ҷоизаи ба номи Пайванд Гулмуродзода» аъзои Раёсати «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон», ё идораи ВАО, ки номзад он ҷо кор мекунад, пешниҳод карда метавонанд. Ҳамчунин номзадҳо метавонанд аз тариқи назарсанҷӣ, аз ҷумла ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳод гарданд.

Ба барандаи «Ҷоизаи ба номи Пайванд Гулмуродзода»  диплом ва мукофоти махсус  тақдим мешавад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13600-oizai-pajvand-baroi-tad-i-oti-far-ang.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *