Рӯзи 21-уми сентябри соли равон дар шаҳри Варшава нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баргузор гардид.
Дар ин нишаст Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мавриди вазъи озодии баён ва дастрасӣ ба иттиллоъ дар Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки мутаассифона дар Тоҷикистон ВАО-ро чун шохаи чоруми ҳокимият намешиносанд.
Бинобар таъкиди Қаршибоев, имсол бештар вазъи иҷтимоиву сиёсӣ ба озодии баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ доштанд.
Ҳамчунин ҷаноби Қаршибоев аз теъдоди парвандаҳои шаҳрвандӣ ва маъмурӣ, алайҳи расонаҳову рӯзноманигорон ёдовар шуда, афзуд ки тайи солҳои 2013-2015 шумораи ин навъ парвандаҳо ба 14 адад расидаанд.
http://faraj.tj/news/10894-1178arshiboev-vaot-1203okimiyati-chorum-nest.html