Шукурҷон Зуҳуров , раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ҳангоми натиҷагирӣ аз кори панҷсолаи худу ҳамкоронаш дар парлумон гуфт, онҳо ба боварии халқу миллат сазовор буданд ва мемонанд.
Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, имрӯз 27 феврал дар ҷаласаи охирини парлумони Тоҷикистон, даъвати чорум, зикр кард, ки 5- сол барои ӯ ва дигар вакилон соли пур аз заҳмату талош буд. Ба қавли вай «вакилон тамоми қонунҳои амалкунандаи кишварро касбӣ, ба таври фасеҳ ба парулмон пешниҳод карданд. Ва ҳатто лаҳзаҳои зиёде ҳам ба чамш расиданд, ки қонунҳоро барои Ватану миллат ва давлат шуда, бозпас гардонидем».
Ӯ хушбахтии худро дар 5- соли фаъолиташ дар «сазовор гаштан ба боварии мардум» рабт дод. Ва таъкид ба он дошт, ки беш аз 4 ҳазор дархости хаттӣ ва 31 ҳазор дархости шифоҳии мардум ба Маҷлиси намояндагон омад, ки қариб ҳамаи онҳо ҳалли худро ёфтанд. Муҳим аз ҳама тамоми дархостҳо таҳти назорати ҷиддӣ қарор доштанд.
Зуҳуров ҳамчунин ишора ба он кард, ки «баъзе расонаҳои иғвоангез ва баъзе давлатҳо мехостанд моро сиёҳ мекарданд».
Аммо ӯ ба таври дақиқ аз онҳо ном набурд ва ҳатто зикр низ накард, ки ин расонаҳо дохилианд ё хориҷӣ.
Вале ӯ фаъолияти 5- солаи парлумони кишварро баҳои мусбӣ дода, афзуд, ки «мо хушбахтем зеро мо ҳамрозу ҳамнаво ва дар паҳлӯи якдигар будем. Аз ин хушбахтии бештар ба мо лозим нест».
Ҷаноби Зуҳуров ҳамчунин минатдории раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба вакилони даъвати чорум расонида, аз ВАО-и давлативу ғайриҳукуматӣ барои пахши гузоришҳои беғарази фаъолияти парлумонизҳори миннатдорӣ намуд.